Электромеханика

ФАКУЛТЕТИ ЭЛЕКТРОМЕХАНИКА

 Декани факултет: Қозиев Камолудин Сангинович

Таҳсил: Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров

Дараҷаи илмӣ: номзади илмҳои физика-математика, дотсент

 Донистани забонҳои хориҷӣ: русӣ, англисӣ бо луғат.

 Тел: +992 (83451) 5-11-41

 E-mail: koziev_k@mail.ru

Соатҳои қабул: ҳар рӯз  аз 14:00 то 17:00

 Суроғаи корӣБинои асосӣ

 Ихтисосҳо:

Бакалавриат:

360101–технологияи мошинсозӣ; таҳсилоти рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ);

3610 01 – таҷҳизот ва мошинаҳои саноати кӯҳӣ (таҳсилоти рӯзона);

430103-01 – таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ;  таҳсилоти рӯзона ва ғоибона (фосилавӣ);

Магистратура:

360101 – технологияи мошинсозӣ;

430103-01 – таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ.

Таърихи ташкилёбии факултет

Факултети  электромеханика соли 2003 дар таркиби Коллеҷи куҳӣ – металлургии Тоҷикистон кушода шуда, дар соли   2006 аввалин мутахассисонро дар самти коркарди корҳои кӯҳӣ ба истеҳсолот равон сохт. Дар рушди минбаъдаи факултет саҳми деканҳо: Холов Абдугаффор Сафарович (солҳои 2003-2005) ва Абдуллоев Икром Рабиевич (солҳои 2005-2006) басо калон аст. Аз санаи 02.09.2007с. дар заминаи Донишкадаи нав ташкил шудаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон факултети электромеханика фаъолияти минбаъдаи худро вусъат дода, дар таркибаш кафедраҳои зеринро муттаҳид сохт: технологияи мошинсозӣ (мудири кафедра-н.и.т. Мирзомиддинов И.); энергомеханика (мудири кафедра – н. и. ф.-м. Кодиров А.);  коркард ва иктишофи истифодабарии конҳои нафту газӣ (мудири кафедра, д.и.т., профессор Розиков З.А.) ва математикаи олӣ ва  информатика (мудири кафедра – омӯзгори калон Зиемидинов Б.М.). Аз  19.11.2007 то 14.04.2009 факултетро    н.и.т. Мирзомидинов И.М. идора кард, сипас, дар давраи солҳои 2009-2010 ба факултет н.и.т, профессор Умарҷнов Абдусафо ҳамчун декан роҳбарӣ кард. Аз санаи 23.08.2010 то 03.01.2017 вазифаи декани факултетро н.и.т., дотсент Шамсиев Р.М. ба зимма дошт.  Ҳамчунин, аз 03.01.2017 то 01.06.2020  роҳбарии факултетро н. и. ф.-м., дотсент Эгамов М.Х. ва аз моҳи августи соли 2020 то моҳи апрели 2021 иҷрокунандаи вазифаи декани факултет ба ӯҳдаи дотсент Шамсидинов Ш.М. вогузор гардид. Аз санаи 02.04.2021с. инҷониб номзади илмҳои физика ва математика, дотсент Қозиев Камолудин Сангинович роҳбарии факултетро ба ӯҳда доранд.

 Дар тӯли фаъолияти бисерсолаи факултет дар рушди энергетика, мошинсозӣ, металлургия ва сфераи нафту газ  ҷиҳати омодасозии мутахассисони соҳавӣ саҳми профессорон: М. Давлатов,  Ш. Буходуров; дотсентони кафедраҳо: Р.М. Шамсиев, И.М. Мирзомидинов, М.Х. Эгамов, Н. Сидиков, Х.Ю. Ҷӯраева, М.М. Мирзоахмедов, И.Р. Абдуллоев, В.А. Қобилов ва олимону омӯзгорон беинтиҳост.

Алҳол, дар факултет мутахассисони соҳавӣ дар 3 самт тариқи бакалавриат ва 2 самт тариқи магистратура омода карда мешаванд. Таҳти роҳбарии раесати донишкада ва садорат дар факултет курсҳои бозомӯзии роҳбарикунанда ва кадрҳои муҳандисӣ-техникӣ барои ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶДММ «Зарафшон», КФ «ХуҷандЗиЛ», ҶСК «СугдПак», ҶДММ «Элегант», ҶСК «Зарнисор» ва дигар ташкилоту корхонаҳои саноатии амалкунандаи ҷумҳуриявӣ ташкил карда шудааст.  Дар факултети электромеханика дар заминаи маблағгузории давлатӣ ва ташкилотҳои соҳавӣ як қатор корҳои илмӣ-тадқиқотӣ иҷро карда мешаванд. Барои иҷроиши ин КИТ тамоми докторантҳо, магистрантҳои таълимгиранда ва донишҷӯени лаёқатноки бакалавриат ҷалб карда шудаанд.

Дар факултети электромеханика як қатор устодони ҷавон фаъолият карда истодаанд, ки худ хатмкардаи ҳмин донишкада мебошанд. Инҳо: муаллими калон Абдуллоев М., ассистенти кафедраи таъминоти барқ Хакимбеков С.М.; ассистентҳои кафедраи таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ Дусталиев С.Т., Кенҷаев Ш.А., Холов З.А.; лаборанти кафедраи ФУТ Ёкубов Ф. ва дигарон мебошанд.

Ба профессори кафедраи ФГИ Муллошо Давлатов дар соли 2002 барои дастовардҳои тарбияи устодони ҷавон дар самти педагогика бо унвони  «Омӯзгори хизмат нишон додаи ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст. Соли 2016 ба омӯзгори калони кафедраи ФУТ  Ш.Ч. Усмонов бо унвони «Аълочии маорифи халқи Чумҳурии Тоҷикистон» ва грамотаи фахрии мақомоти иҷроияи Ҳукумати вилояти Суғд сарфароз гардонида шудааст. Дастпарварони факултет имрӯзҳо дар вазифаҳои баланди ҳукуматӣ, давлатӣ, сиесӣ ва фарҳангии шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ пурсамар фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла, Ш. Нуридинзода – яке аз роҳбарони Шабакаи барқии ш. Бӯстон; К. Рахматзода – раиси ХКМ ш. Бӯстон; З.З. Холиков – раиси шабакаҳои барқии ш. «Исфара» ва амсоли онҳо. Аз соли оғози фаъолият то имрӯз факултети электромеханикаро 1028 нафар донишҷӯёни шӯъбаи рӯзона ва 862 нафар дар шӯъбаи ғоибона хатм намудаанд.

Сохтори факултет

           Имрӯз факултет фаъолияти шуъбаҳо ва кафедраҳои зеринро муттаҳид месозад:

-Шӯрои олимони факултет;

-Шӯрои илмӣ-методӣ;

-садорати факултет;

-созмони ҷавонон;

-Шӯрои занони факултет;

– Шӯрои собиқадорони меҳнат;

-кафедраи таъминоти барқ;

-кафедраи таҷҳизот ва технологияҳои мошинсозӣ;

-кафедраи фанҳои умумитехникӣ;

-кафедраи математикаи олӣ ва информатика.

Дар садорати факултет 4 нафар фаъолият мебаранд: декани факултет – Қозиев Камолудин Сангинович, муовини декан оид ба тарбия Саидов Анвар Акрамович  , муовини декан оид ба илм – Ҳомидова Машҳура Исматҷоновна, эдвайзери ихтисоси 430103 – 01 таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ – Баротова Саиднисо Турсунбоевна, эдвайзери ихтисоси 360101, 361001 – Таҷҳизот ва технологияи мошинсозӣ-Кенҷаев Шӯҳратҷон Абдуманонович.

Ҳайати омӯзгориву профессории факултет

Айни ҳол, теъдоди умумии кормандонии штатии факултет 39 нафарро ташкил медиҳад, ки аз инҳо 5 нафар кормандони садорати факултет, 28 нафар кормандони илмӣ – педагогӣ ва 6 нафар кормандони ёрирасон, аз ҷумла 1 нафар профессор, 8 нафар номзадҳои илм, дотсентон, 10 нафар муаллими калон, 10 нафар ассистентон, 4 нафар лаборант ва 2 нафар мудири кабинети таълимӣ мебошанд. Ҳамзамон, тариқи муштараквазифаи дохилӣ 7 нафар ва муштараквазифаи берунӣ 1 нафар фаъолият намуда истодааст.

Корҳои илмӣтадқиқотӣ

Дар кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишкадавии факултет иҷроиши корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар самти фанҳои тахассусии кафедраҳо ва рисолаҳои номзадию доктории устодон ба роҳ гузошта шудааст. Натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар корхонаҳои саноатию соҳавии кишвар ва берун аз ҷумҳурӣ татбиқ карда шудаанд. Дар иҷроиши КИТ саҳми донишҷӯени лаеқатманд ва магистрантҳо басо назаррас аст, зеро ин дастовардҳо дар кори конференсияҳои байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ баррасӣ карда шуда, ба нашр мерасанд.

Раванди таълим

Устодони факултет баҳри омодасозии мутахассисони соҳавӣ раванди таълимро дар алоқамандӣ бо истеҳсолот ба роҳ гузошта, фанҳои тахассусиро аз нигоҳи роҳбарияти корхонаҳои саноатии кишвар ва барномаи давлатии рушди суръатноки саноатикунонии кишвар-ҳадафи чоруми стратегии давлатӣ ба роҳ гузоштаанд. Бо ин мақсад, филиали кафедраҳо дар корхонаҳои саноатии КВД Заводи автобусбарории «ХуҷандЗиЛ» ва НОБ Қайрокум ба номи Дӯстии халқҳо ташкил карда шуда, донишҷӯен мунтазам машғулиятҳои амалиро дар ин филиалҳо, инчунин дар корхонаи сангтарошии ҶДММ «Элегант»- ш. Бӯстон, ҶСК «Кедр», Корхонаи мошинсозии ш. Бӯстон, ҶСК «Суғд Пак» иҷро менамоянд.

Маълумот барои довталабон

          Ба диққати хатмкунандаҳои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, литсей ва коллеҷу техникумҳо! Факултети электромеханикаи донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон маркази бонуфузи энергетика ва технологияҳои мошинсозӣ ба ҳисоб рафта, аз рӯи ихтисоси 360101-технологияи мошинсозӣ; 3610 01-таҷҳизот ва мошинҳои саноати куҳӣ ва 430103-таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқ мутахассисони соҳавиро омода месозад. Донишҷӯен дар давоми таҳсил дониши назариявӣ ва амалии худро барои такмил додан дар доираи ҳамкориҳои тарафайн ба мактабҳои олии техникии Норвегия, Юнон, Хитой, Федератсияи Россия ва Ӯзбекистон рафта, таҳсили худро идома медиҳанд. Агар хоҳед, ки донишҳои замонавӣ ва технологияҳои муосири инноватсиониро аз худ намуда, дар амалисозии ҳадафи чоруми давлатӣ-саноатикунонии босуръати кишвар саҳмгузор бошед, пас, факултети электромеханикаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоб намоед! Рамзи Донишкада – 201 аст!