Металлургия и искусственный интеллект

Декани факултет: Шамсидинов Шуҳратҷон Муъминович

Тел: +992 (92) 777-20-44

E-mail: shamsidinov.78@mail.ru

 

Таърхи ташкилёбии факултет

Факултети Металлургия тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлугии Тоҷикистон, дар сохтори донишкада 02.09.2008 бо фармони № 78-а «К» ташкил карда шудааст.

Факултет фаъолияти худро тибқи Оинномаи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, санадҳои меъёриву ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ, Қонуни ҶТ Дар бораи маориф, Қонуни ҶТ Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, Консепсияи миллии маълумоти ҶТ, Консепсияи рушди таҳсилоти касбӣ дар ҶТ, Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҶТ ва дигар санадҳои меъёрии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ мондааст.

Дар давоми фаъолияташ факултет аз рӯи якчанд Қарорҳои Ҳукумати ҶТ, дастуру супоришҳо ва Фармонҳои Президенти ҶТ, фармонҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, Вазорати  саноат ва технологияҳои нави ҶТ, дастуру супоришҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва дигар санадҳои расмӣ оиди раванди таълиму тарбия ва илм сармашқи фаъолияти худ намудааст.

Имрӯз факултет фаъолияти шуъбаҳо ва кафедраҳои зеринро муттаҳид месозад:

 

Сохтори факултет

  • Шӯрои олимони факултет;
  • Шӯрои илмӣ-методӣ;
  • садорати факултет;
  • созмони ҷавонон;
  • шӯрои занони факултет;
  • шӯрои собиқадорони меҳнат;
  • кафедраи металлургия;
  • кафедраи ташкили ҳамлу нақл;
  • кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ;
  • кафедраи экология.
  • кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ
  • кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ

Дар факултет 45 нафар кормандон кору фаъолият мебаранд, ки 3 нафарашонро докторони илм, профессорон ва 12 нафарашонро номзадони илм, дотсентон ташкил медиҳанд.

Дар садорати факултет 4 нафар кормандон фаъолият мебаранд: декани факултет – Шамсидинов Шӯҳратҷон Муминович, муовини декани оид ба тарбия –Ҷӯраев Некрӯз Холович, эдвайзерони факултет Бақоев Беҳзод Бақоевич, Исмоилов Наимҷон Зафарович

 

Факултет аз рӯи ихтисосҳои зерин мутахассис тайёр менамояд

  • 420101-0104 – металлургияи металлҳои ранга
  • 520202- таҷҳизот ва технологияи заргарӣ
  • 330101-05 – ҳифзи муҳандисии муҳити зист
  • 440101-01 – ҳамлу нақл тавассути автомашинаҳои боркаш
  • 370107 – хизматрасонии автомобилӣ
  • 570101-01 – экологияи саноатӣ ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ
  • 270101-09 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот;
  • 570102 – менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат;
  • 250108-05 – баҳисобгирии муҳосибӣ, таҳлил ва аудит дар саноат;
  • 270101-15 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (саноати химия);
  • 270101-10 – иқтисодиёт ва ташкили истеҳсолот (энергетика);
  • 25010201- иқтисодиёти таҳлилӣ;