Хатми онлайн-курсҳои донишгоҳҳои НОРВЕГИЯ ва ИМА

Аз соли 2011 кафедраи экологияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар Лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба Идоракунӣ, тозакунии обҳои шоранда, баҳодиҳии дараҷаи ифлосшавии обҳои байнисарҳадӣ ва баланд бардоштани сатҳи таҳсилоти муҳандисӣ иштирок намуда истодааст.

Дар Лоиҳаи Ҳамоҳангсозии Об Евразия, ки аз тарафи Ҳукумати Норвегия маблағгузорӣ карда шуда истодааст  донишҷӯёни ихтисосҳои кафедраи Экология имконияти гузаронидани таҷрибаомӯзии тобистонаи худро дар Донишгоҳи бонуфузи Норвегия – Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия доранд. То имрӯз дар ин Донишгоҳ 20 нафар донишҷӯёни ДКМТ таҷрибаомӯзиҳои худро гузарониданд. Ҳама машғулиятҳо дар Норвегия бо забони англисӣ ба роҳ монда шуда аз донишҷӯ дараҷаи баланди донистани забони англисиро талаб менамояд.

Соли 2021 ду нафар донишҷӯёни донишкада тариқи онлайн курси Идоракунии захираҳои обӣ. Тозакунии обҳои шоранда, ки аз тарафи  Донишгоҳи илмҳои табиии Норвегия ва Донишгоҳи давлатии шаҳри Ню-Йорки ИМА гузаронида шуда буд, бомуваффақият хатм намуда соҳиби сертификати байналмилалӣ гаштанд. Ин сертификатҳоро дар вазъи тантанавӣ ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ ба

Хоҷаева Садаф – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Ҳифзи муҳандисии муҳити зист ва

Ҳакимов Акмал – донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси Таъминоти корхонаҳои саноатӣ бо барқ супориданд.

Ҳайати профессорию омӯзгории кафедраи экологияи донишкада умедвор аст, ки аз ин муваффақиятҳои донишҷӯён руҳбаланд гардида, дигарон ҳам ба Лоиҳаҳои пешниҳодшудаи кафедра шавқу ҳавас пайдо намуда, фаъолона донишандӯзии худро сайқал медиҳанд.

Ёдовар мешавем, ки ҳамоҳангсози Лоиҳаи мазкур    д.и.т., профессор Розиқов З.А. мебошад.