Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар эҳё ва пойдории давлати кунунии тоҷикон саҳми беандоза доранд. Таърихи ғанӣ ва куҳани тоҷикон воқеаҳои сиёсии бузургеро дар хотир дорад, ки ҳар кадоме аз онҳо дар замони худ накши арзандае доранд. Дар ин ҷода Ҷаноби Олӣ чунин менигоранд. «Таърих гувох аст, ки тўли ҳазорсолаҳо оини давлату давлатдории тоҷикон сахтиҳои хорошикани таназзулу эҳё шуданро борхо аз сар гузаронида, аз дунболи ҳар шикасту инқироз, боз эҳёшавӣ ва камолоти афзунтарро ноил гаштааст…» Марҳилаи кунунӣ маҳз бо шарофати Ҷаноби Олӣ марҳилаи еҳё ва камолоти навбатии давлати тоҷикон аст. Бояд тазаккур дод, ки имрӯзҳо низ чи дар ҳаёти сиёсӣ-иҷтимоӣ ва ташаккули иқтисодии кишвар, чи дар баҳамоии тамоми минтақаҳо ва табақаҳои гуногуни ҷамъиятӣ, маҳз Ҷаноби Олӣ бо сифатҳои шахсии волои худ роли ҳалкунандаро доранд. Пайваста дар байни халқ будан, бо забони шевои тоҷикӣ сехрангез суханронӣ кардан, ба ватандӯстию ватандорӣ, сулҳу ваҳдат даъват кардан далели ин гуфтаҳост. Инчунин, Ҷаноби Олӣ, дар эҳё ва пайдо кардани ғояҳои нав ба нав, ки дар такмилу ташаккули давлату миллат саҳми босазое гузошта истодаанд, сараввал таҳлил ва таҳия ва сониян бо шеваи ба худ хос ба халқ расондани онҳо ва ниҳоятан мавриди амал қарор додани онҳо низ хеле фаъол мебошанд. Мисоли оддитарини ин гуфтаҳо, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми навбатӣ соли 2018-ро «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон намудан, мебошад. Зеро сайёҳӣ, аз як тараф, яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ бошад, аз тарафи дигар, муаррификунандаи таъриху фарҳанги бою ғанӣ, табиати зебо ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.
Зиёда аз ин дар арсаи ҷаҳонӣ низ Ҷаноби олӣ ҳамчун шахсияти арзанда ва сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонӣ шинохта шудаанд. Маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон таҳи чанд соли охир таваҷҷӯҳи тамоми оламиён ба яке аз масъалаҳои муҳимтарини башарият «бо оби ошомиданӣ таъмин будани инсоният» чалб шуда истодааст.
Дар соли ҷорӣ бо ташаббуси навбатӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар иҷлосияи 72-юми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Ню – Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Америка баргузор гардид, баромад намуданд. Ин баромад ба муносибати оғози Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” бахшида шуда буд. Аз сомонаҳои интернетӣ дарёфт кардан мумкин аст, ки ин баромад дар шакли мақола дар Маҷаллаи “Нигориши СММ” таҳти унвони “Об барои рушди устувор” (Water for Sustainable Development) ба табъ расида, пешкаши доираи васеи хонандагон гардидааст.
Метавон гуфт, ки баромадҳои Ҷаноби Олӣ чи дар дохили кишвар ва чи берун аз он, аз ҷумла Паёмҳое. ки ҳамасола одатан дар охири сол ироа мегарданд, пеш аз ҳама суханҳои самимӣ ва самимонаи Асосгузори сулҳ ва ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як ҳамватан, ҳар як шаҳрванд ва ҳар як сокини Ҷумҳурӣ мебошанд.
Сониян, ин баромадҳо ва паемҳоро ҳамчун пайғоми пурифтихори насли имрўз ба наслҳои фардо метавон ба қалам дод, ки ҳарфҳои он аз муҳаббат ба Ватан лабрез буда, дар зери ҳар як калимаи он манфиати чи насли имрӯза ва чи насли оянда нуҳуфт кардааст.
Сеюм, баромадҳо ва паёмҳо садои баланду созандаи давлати Тоҷикистон, ки дар марҳилаи навбатии эҳё ва ташаккулёбӣ қарор дорад, миллати тоҷик ва тамоми Тоҷикистониен дар маҷмӯъ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошанд.
Чаҳорум, дар низоми сиёсии давлату давлатдорӣ бошад, ин баромадҳо ва паёмҳо бе шакку шубҳа ҳуҷҷатҳои расмӣ ва сарнавиштсозе мебошанд, ки дар ниҳодҳои гуногуни ҷамъиятӣ, колективҳои меҳнатӣ, донишгоҳу донишкадаҳо, макотибҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мебоист, ки мавриди таҳлили дақиқ қарор бигиранд.
Ва ниҳоятан ин баромадҳо ва Паёмҳо дар маҷмӯъ барномаи мукаммали рушди давлату миллат, барномаи дурнамои рушди Тоҷикистони азиз дар ҳамаи самтҳо, иҷтимоиву иқтисодӣ, фарҳангиву сиёсӣ, қутбнамои ҳаракати устувор ба сӯйи ояндаи нек ва алгоритми пешбурди кор дар ҳамаи ниҳодҳои ҷамъиятӣ ва давлатӣ мебошанд.