НАҲЗАТИЁНИ ХОИН ДИЛИ СИЁҲ ВА ЧАШМИ КАҶ ДОРАНД

Хушбахтона, имрӯз кишвари мо хеле рушд кардааст ва аксарияти соҳаҳо тараққӣ ёфтаанд. Пешрафт ба куллӣ дар ҳама соҳаҳо дида мешавад, зиндагии мардум боз ҳам беҳтар гардидааст. Аммо як идда аз бадкешон ва кӯрдилони бехирад, имрӯз ин ҳама пешрафти кишвари азизамон Тоҷикистонро нодида гирифта санги маломат мезананд, ки хиёнати маҳз мебошад.

Чандест, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ наҳзатиёни террорист ва хоин даст ба дасисабозӣ зада, талош мекунанд, то насли ҷавонро гумроҳ созанд. Мақсаду мароми наҳзатиёни террорист ва хоин ин хиёнат бар миллат мебошад. Хоинони наҳзатӣ талош мекунанд, то миллатро бо ҳар баҳона аз роҳ зананд ва фиреб диҳанду дар ҳоли сарсонӣ қарор диҳанд. Чунки барои террорист миллати бомаърифат ва босаводро фиреб додан басо мушкил аст ва ҳамин аст, ки наҳзатиён ҳоло наҳзатиён кӯшиш мекунанд бо дасисабозиву иғвобарангезӣ насли ҷавонро фиреб диҳанду ҳақиқатро пинҳон намуда, ононро дар рӯҳияи инсонбадбинӣ ва эътироф накардани воқеият тарбия месозанд.

Ҳар пешрафте, ки дар Тоҷикистон мешавад наҳзатиёни манфур ва хоин онро нодида гирифта, сарфи назар менамоянду баръакси он ҳарф зад, ки ин хиёнати ошкоро мебошад. Мисоли равшан чанд рӯз қабл дар наҳзатиён дар бораи баста будани масҷидҳо ба хотири пандемия мегутанд, вале чун масҷидҳо дарҳои худро боз карданд, наҳзатиёни хоин боз шурӯъ ба эродгирӣ карданд, ки ин дар ҳақиқат як хиёнати маҳз ва душманиву бешарафиву бевиҷдониву бехудогии наҳзатиёнро ба намоиш мегузорад.

Аз ҳамин ҷо бояд хулоса кард, ки марому мақсади наҳзатиён ин амали намудани ҳадафҳои нопоки хоҷагонашон асту асло парвои миллатро ҳам надоранд ва фақат насли ҷавонро бо ҳиллаву найранг ба доми худ мекашанд, то ҳамон мақсади нопокашонро амалӣ созанд. Мақсади наҳзатиёни малъун ба ҳамагон маълум аст, яъне дубора амали намудани сенарияи ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо.

Пас ҳар як фарди огоҳ бояд бидонад, ки аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом асло мақсаду мароми нек надоранд ва ҳадафашон фиреб додану гумроҳ кардани ҷомеа мебошад.

Меҳвар Абдусаломов

омӯзгори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон