ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ТАЪРИХИ ГЕОЛОГИЯ: М. КАБИРӢ БОЗ ҲАМ ШИКАСТ!

Воқеан ҳам пас аз шунидани изҳороти роҳбари Раёсати умумии амнияти милии Афғонистон Аҳмадзиё Сироҷ наҳзатиёни фирорӣ хоб аз чашмашон парид. Зеро то ба ин рӯз онҳо мардумро фиреб медоданд ва ҳар рӯз як дурӯғ мебофтанд, то ҷомеаро фиреб диҳанду ҳақиқати худро пинҳон доранд. Аммо пас аз ошкоргӯии Аҳмадзиё Сироҷ дигар мардум ба дурӯғҳову дасисаҳои Кабирӣ бовар нахоҳанд кард, чунки мардум дарк карданд, ки воқеан ҳам Кабирӣ морест дар остин ва заҳр мепошад, то бар ҷомеа зарар расонад.

Пас аз нашри ин изҳорот гуфтан мумкин аст, ки дигар миёни Кабирӣ ҳамчун пири дурӯғгӯён ва террористони дасисабози наҳзатӣ шикаст. Беҳуда намегӯянд, ки ҳақиқатро намешавад пинҳон дошт.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинонаи Кабирии террористро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!