ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: ТЕРРОРИЗМ ХАТАР БАР НАСЛИ БАШАР!

Ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳоло бо хатарҳои нав рӯ ба рӯ шудаистодааст,  ки яке аз онҳо  ин терроризм мебошад. Терроризм барои ҷаҳон кунун як вабост. Рӯз аз рӯз аз ҷониби кишварҳои шарқӣ зиёд гардидани аъзоёни созмонҳои террористӣ нигаронкунанда буда, оқибати нек надорад. Аксарияти созмонҳои террористӣ аз дин ва дигар арзишҳо истифода мебаранд, аммо дар асл бошад ба дину мазҳаб ягон иртиботе надоранд ва мақсаду маромашон ҳам хиёнат бар насли башар мебошад.

Ҳамаи гурӯҳҳои террористӣ як мақсад доранд ва ин ҳам бошад, ноором намудани ҷомеа ва аз ин роҳ фиреб додани мардум.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ низ ҳамин гуна аз номи дин сӯистифода намуда, бар ҷомеа хиёнат намуданд ва ҳоло ҳам дар кишварҳои аврупоӣ истода, насли ҷавонро гумроҳ месозанд, ки ин хиёнати маҳз мебошад ва оқибати хуб надорад.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори аъзоёни созмонҳои террористӣ ва қудратхоҳонро комилан маҳкум намуда, бар онон лаънат мехонем!