Санаи 20-уми фервали соли равон донишҷӯёни ихтисоси ҳифзи муҳандисии муҳити зист: курси 2 – Нӯъмонов М., Негматов И. ва донишҷӯёни курси 1 – Ҷӯраев А., Маҳкамов С., Узоқов И., Иқболшоев Б., Мадалиев М., Мадалиев И. Ҷаборов А., дар маъракаи вилоятии ярмарка -фурӯши ниҳолҳо дар ҳамкорӣ бо Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Суғд фаъолона иштирок варзиданд.
Чорабинӣ дар назди Театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандии маркази вилоят баргузор гардид, ки дар ярмарка фурӯши ниҳолҳо, кӯчату тухмии гулҳо ва дигар зироатҳои кишоварзӣ аз тарафи боғдорони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд пешниҳод гардида буд. Дар ярмаркаи мазкур аз шаҳру ноҳияҳои вилоят ва ташкилоту идораҳои соҳаи кишоварзӣ беш аз 1 миллиону 200 ҳазор бех ниҳолҳои гуногун ва гулу гулбуттаҳоро пешниҳоди боғпарварон ва сокинону меҳмонони шаҳр гардид.
Чӣ тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, боғпарварӣ аз бахшҳои даромадноки соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, он баҳри таъмини амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ нақши муассир мебозад. Аз ин рӯ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи боғпарварӣ диққати махсус зоҳир намуда, баҳри бунёди боғҳои ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ шароитҳои зарурӣ муҳайё намудаанд.
Иштироки дониҷӯён дар чунин чорабиниҳо барои аз маърифати экологӣ баҳравар шудан, дар рӯҳи маърифати экологӣ таълиму тарбия додан, пойдор гардонидани фарҳанги экологӣ, дуруст ва оқилона муайян кардани тамоили донишандӯзӣ, нишон додани қобилият ва ташаккули рафтори дурусти шахсони алоҳида ва аҳолӣ оид ба ҳифз ва истифодаи табиат мусоидат менамояд.
кафедраи экология