Тозакорону хоҷагидорони донишкада саҳни Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстонро аз партову хазон пок намуданд

Имрӯз,  дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо супориши ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ  бахшида ба сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шанбегии умумӣ баргузор гардид, ки дар он ҳамаи омӯзгорону кормандони донишкада фаъолона ширкат варзиданд, иттилоъ медиҳад сардори қисми маъмурию хоҷагидорӣ Ҷабборов А.А.

Дар шанбегии имрӯза гирду атрофи донишкада, хиёбонҳои Қасри фарҳанги шаҳри Бӯстон ва дигар минтақаҳо пурра тозаву аз хоку шағал пок карда шуданд. Ҳамчунин, як қатор мавзеҳои гулгашти шаҳри Бӯстон низ дар ин рӯз аз партовҳо ва алафу хазон тоза карда шуданд.

Дар шанбегии имрӯза дар як қатор минтақаҳои тақсимотӣ гулҳои нави баҳори шинонида шуданд, ки ба саҳни донишкада зебу зиннати нав мебахшад.

Омӯзгорони факултетҳои корҳои кӯҳӣ, электромеханика ва металларгуя  дар шанбегӣ фаъолона ширкат намуда, мавзеи асосии биноро пурра тозаву озода намуда, заминҳоро аз хасу хошок ва шағал пок гардониданд.

М. Сайидзода