Гурӯҳӣ кории тарғиботӣ бо роҳбарии Тоҷибоева М.И. ба панҷ мактаби шаҳри Хуҷанд ташриф бурда, бо хатмкунандагон мулоқот намуда, ихтисосҳо ва имкониятҳои донишкадаро муаррифӣ намуданд.
Гуфта, мешавад, ки дар ин гурӯҳи корӣ дигар омӯзгорон Раҳматов А., Абдуллоева А., низ ширкат варзида, варақаҳои таблиғотӣ ва дигар маълумотҳоро ба хатмкунандагони макотиби миёна тақдим намуданд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона муассисаи таълимӣ буда, бештар дар самтҳои кӯҳию металлургӣ муҳандисонро омода мекунад.
М. Сайидзода