Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибир ба номи академик Решетнев М.Ф. донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро барои иштирок дар озмуни стипендияи давлатӣ барои донишҷӯёни хориҷӣ (квотаи Ҳукумати Федератсияи Русия) даъват мекунад. Номзадҳое, ки ба онҳо квота дода мешавад, метавонанд аз ҳисоби маблағҳои аз ҷониби Ҳукумати Федератсияи Русия ҷудошуда (стипендияи давлатии Ҳукумати Федератсияи Русия) дар барномаҳои магистрӣ таҳсил кунанд.
Ба стипендияи давлатӣ инҳо дохил мешаванд:
– таълими ройгон дар тамоми давра аз рӯи ихтисоси интихобкарда:
– стипендияи ҳармоҳаи академӣ (дар тамоми давраи таҳсил, новобаста аз муваффақияти номзад):
– пешниҳоди хобгоҳ (дар сурати мавҷуд будани ҷой дар донишгоҳ).
Муддати таҳсил: 2 сол (2021-2023).
Рӯйхати ҳуҷҷатҳоро дар Замимаи 2 пайдо кардан мумкин аст. Ариза барои иштирок (Замимаи 3) бояд ба суроғаи почтаи электронии reshetnevuniversity@yandex.ru то 22 феврал фиристода шавад.
Донишгоҳи давлатии илм ва технологияи Сибир ба номи академик М.Ф. Решетнев бори дигар эҳтироми худро изҳор намуда, барои посухи фаврӣ миннатдорӣ баён менамояд.
Барои гирифтани маълумот ва дархостҳои иловагӣ лутфан ба шуъбаи равобити байналмилалии ДКМТ муроҷиат кунед (Бинои №2, ҳуҷраи 8, ошёнаи якум)