ИЗҲОРОТИ КАФЕДРАИ МЕТАЛЛУРГИЯ ДАР ҲОШИЯИ НАВОРИ ВИДЕОИИ “БОЗГАШТ АЗ ҶАҲАННАМ”

Аҳли омӯзгорони кафедраи мо баъди тамошои филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ба хулосае омаданд, ки Айёмиддин Сатторов аз кирдори худ пушаймон гардида фаъолият дар сафи ҳизби наҳзати исломро сахт маҳкум мекунад.

Воқеан ҳам, дар ҷаҳони муосир баробари таҳаввулоти илму техника ҳастанд ҷараёнҳое, ки мехоҳанд бо истифода аз эҳсоси динии мардум афкори онҳоро ба манфиати шахсии ин гурӯҳҳо истифода баранд. Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо медонанд. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.   Баъди тамошои филми „Бозгашт аз ҷаҳаннам“ ба чунин хулоса омдем, ки агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад. Имрӯз, дар раванди ҷаҳонишавӣ муқобила ба густариши ақидаву афкори гуногуни бегона бидуни мавҷудияти ақидаи устувор ва мантиқан пурзӯр дар кадом соҳае, ки набошад, ғайриимкон аст. Бинобар ин, ягона роҳ барои хунсо намудани зуҳури ҳар гуна гурӯҳу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротӣ, махсусан дар заминаи ақидаҳои динӣ, пеш аз ҳама, мусоидат ба боло бурдани сатҳи донишҳои дунявию илмӣ  мебошад. Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

М. Шамсиддинова, мудири кафедраи металлургия

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

ёздаҳ − 3 =