ДАР СОЯИ ҒАМ

Муйсафед Айёмиддин Сатторов аз навори видеоии “Бозгашт  аз ҷаҳҳаннам” ба иллати мансубият ба узви ҳизби манъшудаи наҳзати ислом ангушти таассуф газида дар сояи ғам қарор дорад. Пирӣ агарчи болу парашро ба ҳам шикастааст, муйсафед тавба кардаа аст, ки дигар ба чунин кирдори зишт даст намезанад.

Найрангҳои пасипардагии ҳизби наҳзати ислом ва маблағгузорӣ шудани фаъолияти ҳизб аз хрриҷи кишвар, хоса аз сипоҳи посдорони низоми Ҷумҳурии Исломии Эрон дар навори видеиоии “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ошкор шуд. Ба кадом амалҳои зишти тахрибкорона машғул шудани аъзои ҳазби наҳзат дар қаламрави Тоҷикистон равшан гардид.

Соиби Табрезӣ мефармояд:

Биланду пасти ҷаҳон дар қафои якдигар аст,

Агар ба моҳ бароӣ, назар ба чоҳ андоз.

Яъне, зиндагӣ баланду пастиҳо дорад. Ба авҷи эътибори ҳизб баланд шуда соҳиби шӯҳрати беҳуда гардидааст Айёмиддин Сатторов. Аммо аз доираи ҳизб дар дами пирӣ дур шуда ба кирдори худ нафратомез менигарад. Пушаймон аст. Сояи  ғаму андуҳ  муйсафедро фаро гирифтааст.

Аз ин лиҳоз, мо ҷавонон бояд барои худ аз навори мазкур сабақ гирифта, иштибоҳи муйсафед Айёмиддин Сатторовро такрор накунем.

Ҷонибеки Ҷаббор, донишҷӯйи соли чоруми факултаи корҳои куҳӣ

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

шаш + шонздаҳ =