Тибқи нақшаи БИСТ барои муайян намудани сифати комплексҳои таълимӣ – методӣ аз фанҳои таълимӣ, риояи талаботҳои тавсиявии мураттабсозии комплексҳоли таълимӣ-методӣ (КТМ) моҳҳои декабр – январ дар донишкада озмуни “Комплексҳои таълимӣ-методии беҳтарин” дар байни омӯзгорон гузаронида шуд, мегӯяд сардори БИСТ Усмонов Ш.Ҷ.
Шартҳои озмун чунин буд:
- Мавҷудияти тақризҳо
- Мувофиқат ба барномаи таълимӣ (стандарти таълимии ихтисос)
- Матни муқоваи КТМ
- Саҳифаи тасдиқоти КТМ
- Мундариҷа
- Пешгуфтор ба КТМ
- Матни лексия
- Саволҳои санҷишӣ (лексия)
- Мавҷудияти маводҳои машғулияамалӣ/озмоишӣ
- Мавҷудияти супоришҳои КМРО (инфиродӣ ё даставӣ)
- Мавҷудияти супоришҳои КМД (инфиродӣ ё даставӣ)
- Мавҷудияти рӯйхати адабиётҳо
- Сифати чопи КТМ
Бо мақсади баҳодиҳӣ ба дараҷаи ҷавобгӯ будани сифати КТМ ба талаботҳои Озмун комиссияи шуъбаи таълим дар ҳайати зерин таъсис дода шуд:
- Қозиев К.С. – н.и.ф.м., дотсент, муовини ректор оид корҳои таълим (муовини аввал), раиси комиссия;
- Усмонов Ш.Ҷ. – сардори бахши идоракунии сифати таҳсилот, аъзои комиссия;
- Ҳошимов Х.Ғ – мутахассиси бахши идоракунии сифати таҳсилот, аъзои комиссия;
Ба комиссияи озмунӣ 9 КТМ барои иштирок ба озмун пешниҳод карда шуд. Комиссияи озмунӣ сифати иҷроиш, мазмун ва ба шартҳои озмун ҷавобгӯ будани КТМ – ҳоро дида баромада, бо баҳодиҳии нисбӣ ва хусусияти фанни таълимӣ ба чунин хулоса омад:
Ҷои якум – КТМ аз фанни мошинҳо ва дастгоҳҳои собит – муаллиф-омӯзгори кафедраи Т ва ТМ. Кенҷаев Ш.А.
Ҷои дуюм – КТМ аз фанни минерология – муаллиф-омӯзгори кафедраи кафедраи Г ва КНГ Восиҳов Ш.Т.,
КТМ аз фанни Технологияи информатсионӣ – омӯзгори кафедраи МО ва И. Хӯҷамов Ш.Э.
Ҷои сеюм – КТМ аз фанни химия – омӯзгори кафедраи ФТИ Ғафоров С.Ҷ.
Ҳамин тавр озмун ҷамъбаст гардида, ба ғолибон мукофотҳо тақдим гардид.