Ба китобхонаи илмӣ-электронии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ҳамарӯза барои азхуд намудани барномаҳои таълимӣ ва баровардани ниёзҳои донишҷӯён китобҳои нави тахассусӣ оварда мешавад, мегӯяд директори китобхонаи илмӣ-электронӣ Танжихолова Шаҳнозабону.
Ба иттилоот ӯ имрӯз низ ба китобхонаи илмӣ-электронӣ китоби нави соҳавӣ бо номи “Техникаи гармӣ” аз муллиф дотсент Қ.Муҳидинов, ки омӯзгори ҳамин донишкада мебошад ба миқдори 100 нусха харидорӣ гардида, ба рӯйхати адабиёти соҳавӣ ворид карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки китобхонаи илмӣ-электронии донишкада имрӯз аз беҳтарин китобхонаҳои ҷумҳурӣ ва берун аз он низ барои муҳайё намудани шароити таълим ба донишҷӯён адабиётҳои зарурии соҳавиро харидорӣ менамояд.
М. Сайидзода