НЕШИ АҚРАБ НА АЗ ПАИ КИН АСТ

Чеҳракушоии хубе буд аз зери ниқоб дар филми мустанади «Бешарафӣ». Офтобро бо доман пӯшида намешавад. Таърих дер ё зуд ҳама вақт ҳақиқатро инъикос менамояд. Имрӯзҳо бори дигар мо шоҳид гардидем, ки фаъолияти ҳизби мамнӯъгардидаи ҳнит ин худ як амали ғаразноку нияти нопоки таъсискунандагонаш буд.

Халқи тоҷик қурбонии дасисабозиҳову найрангҳои ин разилони миллат гардида буд. Дини ислом манъкунандаи иғвову дасиса, қатлу куштор, мардумозориву мардумфиребӣ аст. Ин дине мебошад, ҳидоятгари раҳму шафқат, дӯстиву рафоқат, меҳрубониву ҳалимӣ, иззату эҳтироми калонсолону падару модарон аст. Ҷаҳони имрӯз хеле пешрафта аст. Аврупо ва аҳли ҷомеаи он аксарият ин дини покро пазируфта истодаанд, мусулмонгарои зиёд аст. Сабаб он аст, ки ҳақиқати зиндагониро аз таълимоти поки ин дин ёфта истодаанд.

Афсӯс, ки мусулмонии мо ба мисли падари ин чеҳраи манфури хоин Мухаммадиқболи Садриддин маъруф бо номи мулло Каландар ба шаъни ин дини пок чи қадарҳо иснодҳо овардааст. Наход ҳаққи ятимеро, ҳақки муҳочиреро як бурда ноне, ки Худованд насиб гардонидааст ба бандаи мӯҳтоҷи худ ту онро аз худ куни……… 

Магар дар дини поки ислом чунин раво аст. Таълими бади ин падари мунофиқ сабаб гардид, ки фарзандаш чунин тарбия ёбад. Чи хеле мегӯянд аз шағол рафтони шеронаро умедвор шудан ғайри имкон аст.

Он амалҳое ғайришаръии ин «ватандӯст», ки худро имрӯзҳо ҷоннисори ватан меҳисобад ва бо суханҳои иғвоангезона доимо дар сайтҳои ичтимоӣ нисбати давлату миллати тоҷик ҳар гуна хабарҳоро пахш менамояд, барои тасвираш ҳато қалам оҷизӣ мекашад сухане гуфтан хеле мушкил аст. Барои тасвири ин амалҳо вичдони ман ҳамчун тоҷик азоб мекашад, зеро амали ин касиф нангест барои миллати шарафманди тоҷик. Боқи қазоват аз ҳуди ин «тоҷики асил».

Саидов А.А.

омӯзгори ДКМТ