Муҳандис шахсест, ки аз рӯйи ихтисоси муайян, маълумоти олии техникӣ гирифтааст. Вазифаҳои муҳандис гуногунанд: ӯ майдонҳои истеҳсолиро дар корхонаҳои саноатӣ, нақлиёт, сохтмон ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ идора мекунад, инчунин дар бюроҳои лоиҳакашӣ ва техникӣ, дар муассисаҳои илмӣ кор мекунад ва бо масъалаҳои банақшагирии иқтисодӣ ва ташкили истеҳсолот сарукор дорад. Одатан , кори муҳандис бо соҳаи истеҳсолоти моддӣ алоқаманд мебошад.
Аз тарафи дигар, бисёриҳо чунин мешуморанд, ки муҳандис бештари қарорҳоро ҳангоми кор дар тахтаи рассомӣ қабул мекунад, ки ин ин аз ҳақиқати ҳол дур мебошад. Аксар вақт муҳандис ба корҳои таҳқиқотӣ машғул аст, адабиётро истифода мебарад, талаботро меомӯзад, бо кормандон оид ба кор мубодилаи афкор менамояд . Барқарории муносибатҳои хуб бо кормандон ва кори муваффақонаи ҳамкорӣ бо онҳо дар кори муҳандис нақши муҳим мебозад.
Аз ин лиҳоз, барои омода намудани чунин як мутахассис ҳайати омӯзгорию профессориро лозим меояд, то заҳматҳои даҳчанд кашанд, ки як муҳандис омода гардад. Омода намудани муҳандисони варзида дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад.
Бахтиёр Маҳмадалӣ
н.и.и., дотсент