Санаи 22.01.2021с. дар кафедраи математикаи олӣ ва информатика семинари илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи “Усулҳои муосири баҳодиҳӣ дар раванди таълим” гузаронида шуд, ки дар он и.в. декани факултети электромеханика Шамсидинов Ш.М., мудири кафедраи фанҳои умуми- техникӣ Воҳидов А.А. ва дигар омӯзгорону кормандон иштирок намуданд.
Сараввал мудири кафедра н.и.п, Туев Ш.Ш. оид ба мавзӯи интихобкардаи ассистенти кафедра Норбобоева Г.Б., ки тибқи нақшаи тасдиқнамудаи кафедра мебошад, баромад намуда, ҳозиринро барои ширкат дар ин семинари илмӣ – назариявӣ сипосгузорӣ намуд. Инчунин, омӯзгори калони кафедра н.и.и, Облоқулов В.М. ва мудири кафедраи фанҳои умуми- техникӣ Воҳидов А.А. оид ба мавзӯи баромадкунанда саволҳои мушаххас дода, доир ба усулҳои баҳодиҳӣ дар раванди таълим бо муқоиса ба давлатҳои хориҷа ва фарқияти усулҳои баҳодиҳии донишгоҳҳои олии миқёси ҷумҳуриамон фикри худро баён намуданд.
Дар охир и.в. декани факултет Шамсидинов Ш.М. семинари илмӣ – назариявиро ҷамъбаст намуда, зарурати мавзӯи интихобгардидаро ба омӯзгорон ва донишҷӯён мубрам донистанд.