Барои пешрафти соҳаи илм ва боло бардоштани савияи дониши донишҷӯён Китобхонаи донишкада аз рӯйи зарурат китобҳои лозимиро барои таълим аз дигар муассисаҳо ва муаллифон харидорӣ менамояд, мегӯяд мудири китобхонаи электронии донишкада Шеров З.
Айни замон ду китоби муҳим барои ихтисосҳои донишкада аз Бобоев Раҳимҷон бо номи “Ҳамлу нақли автомобилии борҳо” ба миқдори 100 адад ва “Минералогия”-и Файзиев Абдулҳақ Раҷабович ба миқдори 100 нусха ба китобхонаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ворид карда шудааст, ки барои донишҷӯён дастрас мебошад.
Китобҳои мазкур бо забони тоҷикӣ нашр гардида, барои донишомӯзони соҳаҳои геология ва ҳамчунин ташкили ҳамлу нақл омода карда шудааст.
Дар тақризи китоби “Минералогия”, ки муқарризон аз донишкадаи мо Насриддинов З.З. ва собиқ ректор Фозилзода М.М. мебошанд, чунин омадааст: “Фанни “Минералогия” дар таърихи фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, барои омодасозии мутахассисони соҳаи кӯҳкорӣ, металлургия, химия, физика, технологияи маводҳо ва амсоли он, ҳамчун таҳкурсии мустаҳкамкунандаи асосҳои таълимоти муҳандисӣ, то ин дам мавриди истифодаи васеъ қарор дорад.
Барои таълими ин фанн вобаста ба ихтисос, олимон, аз он ҷумла Ҷ.Д.Дэна, А.Г.Бетехтин, А.Н.Вингелл, Е.К.Лазаренко, Н.А.Смолянинов, И.Костов, А.А.Годовиков, А.В.Миловский, О.В.Кононов, Е.А.Станкеев, А.Г.Булах, Т.Пенкал, Л.Берри, Б.Мейсон, Р.Дитрих ва дигарон китобҳо навиштаанд, ки фарогири ҷанбаҳои гуногуни ин илм мебошанд.
Аммо китоби муаллиф, дар як вақт, ҳам мафҳумҳои асосии минералогия, сохтори дохилӣ ва таркиби кимиёии минералҳо, морфологияи минералҳо, хосиятҳои физикии онҳо, хусусияти кимиёвӣ ва минералии таркиби Замин, парагенезиси минералҳо, усулҳои тадқиқоти минералҳо, пайдоиш ё генезиси онҳо, иттиҳодияи табиии минералҳо ва дигар маълумотҳои заруриро дарбар гирифта, инчунин дар бораи гурўҳбандии минералҳо маълумоти мухтасар медиҳад.
Бояд қайд кард, ки дар ин китоб, минералҳо дар асоси гурўҳбандии аз тарафи муаллиф пешниҳодшуда, тавсиф меёбанд, ки бисёр муҳим арзёбӣ мешавад, зеро ин гурӯҳбандии нав, дар асоси маълумотҳои нав, таҳлилу мушоҳида, ташхисҳои лаборатории таҷҳизоти муосири соҳа ба даст омадаанд ва то дараҷае ба ин илм, навгонӣ ворид мекунад.
Бояд қайд намуд, ки дар китоби мазкур маводи рақамии дорои характери маълумотӣ ва ахборӣ оид ба пайдоиши минералҳо ихтисор карда шудаанд. Дар он диққати асосӣ ба хосиятҳои ташхисии минералҳо дода шудааст, ки ҳангоми муайян намудани онҳо аҳамияти зиёд доранд. Масъалаи ташхиси минералҳо аҳамиятнок буда, ҳамзамон усулҳои ташхисии илми навҳосили геммологияро низ, дар як замон мукаммал менамояд.
Тоҷикистон дар ибтидои асри нав, сарчашмаи кашфи минералҳои нав гаштааст, ки дар ин чорабиниҳои муҳими илмӣ-таҳқиқотӣ худи муаллиф низ иштирок намудааст. Бо такя аз ин омӯзиш ва таҳқиқотҳо, дар ин китоб қисмати нав ҷой дода шудааст, ки дар он тавсифи мухтасари минералҳои нав ва камёфти дар кишварамон – Тоҷикистон кашофигардида оварда шудаанд. Ин қисмати нави китоб ба мутахассисони соҳа маълумоти наве дар хусуси минералҳои нав, хосияти онҳо, парагенезиси сарчашма ва таркиби кимиёии таҳқиқгардида, пешниҳод карда шудааст.
Дар ин китоб, ҳамчунин маълумотҳо бо иловаҳои наву таҳрирҳои соҳавӣ аз китобҳои пештар нашрнамудаи муаллиф, ворид карда шудааст, ки китобро мукаммал ва саҳеҳтар гардонида аст.
Китоб бо забони ноби тоҷикӣ навишта шуда, осонфаҳм ва хоно мебошад. Дар китоб аксу сурат ва нақшаҳои таркибии ба мавзуъҳо вобастабуда, дар сатҳи хеле баланд оварда шудаанд, ки сатҳи азхудкунии мавзӯъҳоро баланд мебардорад.
Ҳамчунин дар ҳошияи ҳар банде, ки ба минералҳои алоҳида бахшида шудааст, сухан дар бораи конҳои маъмултарин ва захираҳои канданиҳои фоиданоки он, низ илова мегардад, ки ба хонанда маълумоти пурраи ҳар навъи минералро пешкаш менамояд.
Китоби мазкур барои таълим ва омодасозии кадрҳои соҳавӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон хеле мувофиқ буда, ҷавогӯи феҳрасти стандартҳои китобҳои таълимии тахассусҳои равияи корҳои кӯҳӣ, геологӣ, корҳои пармакунӣ, металлургӣ, нафту газӣ, маркшейдерӣ ва амсоли он мебошад.
Тақриздиҳандагон, бо ҳамовозӣ нашри китоби мазкурро тавсия дода, дар алоҳидагӣ ба муаллиф – узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои геологӣ ва минералогӣ Файзиев А.Р., дар корҳои минбаъдаи илмию эъҷодиашон барору пешравиҳо орзу мекунанд”.
М. Сайидзода