ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРИМИЗМ- ДОҒИ ИМРӮЗАИ ҶОМЕА

      Тамаддуни башарӣ дар марҳилаи муосири рушди худ ба раванду ҳодисаҳои зиёди иртиҷоӣ рӯ ба рӯ гаштааст. Гарчанде ки ҳодисаҳо ва равандҳои иртиҷоӣ моҳияту хусусиятҳои асосии оламро тағйир дода натавонанд ҳам, вале онҳо дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ, иқтисодию фарҳангӣ ва умуман, дар раванди таърихии инкишофи халқу миллатҳо, давлатҳо ва минтақаҳои гуногуни ҷаҳон таъсири назаррас мерасонанд. Дар ин радиф ҷараёнҳои экстремизми сиёсӣ ва тероризми сиёсӣ аз ҳамаи ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои дигаре, ки хусусияти глобалӣ доранд, хатарноктар мебошанд. Онҳо доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаи мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтаанд.

           Дар олами муосир шумораи аниқи гурӯҳҳо ё ташкилотҳои террористиро муайян намудан номумкин аст. Зеро аксарияти ҳаракатҳо ва ҷараёнҳои сиёсиву динии хусусияти экстремистӣ дошта, аз усули террор дар муборизаи сиёсии худ ба таври пардапӯшона ва махфӣ истифода мебаранд. Аммо ташкилотҳои калонтарини террористон хоҳу нохоҳ аз худ дарак медиҳанд ва мунтазам ба амалҳои террористӣ даст мезананд.

Дар айни замон тамоми қувваҳои зиддитеррористии ҷаҳон асосан баҳри несту нобуд кардани ин гуна ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ сафарбар карда шудаанд.

        Тибқи маълумотҳо амалҳои террористии дорои хусусияти Терроризм ва экстремизм, махсусан дар даҳсолаҳои охир оқибатҳои зиёди харобиовар ва талафоти зиёди ҷонӣ аз худ боқӣ гузошта, монеи ташаккули фазои орому осоишта дар ҷаҳони муосир гаштаанд. Аз ин рӯ тамоми кишварҳои мутамаддини ҷаҳон имрӯз ба муқобили ин падидаҳои хатарнок бархоста, зидди он муташаккилона мубориза бурда истодаанд.

       Тоҷикистони соҳибистиқлол низ ҳамчун узви қомилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба ин падидаҳои манфуру хатарноки глобалӣ бетараф нест. Аз ин рў, ҷиҳати дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани муқовимат ба истифодаи шабакаи интернет бо мақсадҳои экстремистӣ ва террористӣ Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомотҳои марбутаро зарур аст, ки доир ба масъалаи таъсиси маркази мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва кибертерроризм ба Ҳукумат пешниҳоди асоснок ирсол созанд.

Албатта, суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгохи Тоҷикистон ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши калидӣ дорад. Хусусан, амнияти сарҳади давлатии мо дар самти ҷануб, ки бо минтақаҳои буҳронӣ ҳамсоя аст, барои таъмини суботу амнияти ҳаётӣ дорад. Имрўз сарҳади ҷанубии Тоҷикистон маънои бисёр васеътар дар сатҳи Тоҷикистон ва  сатҳи минтақа пайдо кардааст.Бо зираки ва кордонӣ ва ҷасурии кормандони ҳифзи ҳуқуқ, дастгир шудани гуруҳҳои ҷинояттие,ки мехостанд дар минтақаҳои сарҳадӣ ва дохили Тоҷикистон амалҳои террористӣ анҷом диҳанд, гувоҳи ин гуфтаҳост.

Сарвари хирадманди кишвар  дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олӣ

( 26.12.18) баён доштанд, ки” Бинобар ин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомиро зарур аст, ки бо ҳушёриву зиракии сиёсӣ ва баланд бардоштани донишу малакаи касбӣ, инчунин, бо истифода аз шаклу усулҳои муосир муборизаро бар зидди терроризм ва экстремизм, зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, қочоқу муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар қонуншиканиҳо тақвият диҳанд.”Дар ин раванд, диққати асосӣ бояд ба пешгирӣ намудани терроризму экстремизм, шомилшавии шаҳрвандони мамлакат ба созмону ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва ба Ватан баргардонидани шахсони гумроҳшуда равона карда шавад.

            Дар чунин вазъият ҳар як фарди соҳибмаърифат   сокини Тоҷикистонв, падару модарон масъулияти азим мебояд, зеро аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намудан дар тарбияи насли наврас ва ҷавонон  яке аз омилҳои мубориза бар зидди падидаи нанговари ҷомеаи имрӯза – терроризм ва ифротгароӣ маҳсуб меёбад. Ҳар кадоми мо бояд  ба дастовардхои Истоклолияти Тоҷикистон ба тақдири Ватанамон бепарво набошем, бояд Ватанамонро бо қалб ва хамаи вучудамон дӯст дорем,  бо аҳли ҷомеаи кишвар ва сохторхои гуногун  якҷоя амал намоем.

Тоҷибоева М. И.

мудири кафедраи ЗД ва ЗХ