Раёсати илм бо факултети корҳои кӯҳӣ корҳои ояндаи илмиро баррасӣ намуданд

Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба истеҳсолот ҷорӣ намудани илм  таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд ва ҳамин аст, ки имрӯзҳо олимон ва навоварон кӯшиш мекунанд, то илмро дардхӯрӣ замон гардонанд.   Ҳайати профессорию омӯзгории Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон низ дар ин самт чораҳо меандешад, то барои рушди соҳаи саноат корҳои хотирмони илмӣ анҷом дода бошад.

Санаи  12.01.2021с. муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин  бо роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории факултети корҳои кӯҳӣ вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ, муовини ректор ҷиҳати ҷамбасти фаъолияти илмии устодони факултет аз рӯи нақшаҳои инфиродии устодон барои моҳҳои сентябр — декабри соли 2020, ки характери ҷамъбастии тадқиқотҳои панҷсолаи илмиро дар бар мегирифтанд маърӯза намуда, натиҷаҳоро баррасӣ намуд, дар ин бора аз сохтори илм ба шуъбаи иттилоот хабар доданд.

Дар вохӯрии имрӯза ҳисоботи панҷсолаи кафедраҳо ҷамъбаст гардида, барои банақшагирии панҷсолаи баъдӣ вазивагузориҳо сурат гирифт. Гуфта шуд, ки барои рушди истеҳсолоти минтақа, минбаъд корҳои таҳқиқотӣ дар кафедраҳо бештар гузаронида шаванд ва аз камбудҳои корхонаҳои истеҳсолӣ низ барои ба раванди муосир мутобиқ сохтани он хулосаҳои илмӣ дода шавад.

Дар поёни маҷлис,  муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин, бори дигар аз мудирон даъват ба амал овард, ки таҳияи нақшаҳои минбаъдаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, ӯҳдадориҳои илмӣ ва нақшаҳои инфиродиро зери назорати доимӣ қарор диҳанд ва беҳтар мебуд, ки мавзӯҳои корҳои илмӣ барои рушди самти соҳаи саноати миллӣ нигаронидашуда бошанд,то саҳме аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои рушд ва тақвияти соҳаи саноат дар замони муосир гузошта шавад.

М. Сайидзода