ИЗҲОРОТИ УСТОДИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ ДОТСЕНТ ИЗАТУЛЛОЕВ Р,И,

Бо диққати том филми “Бозгашт аз ҷаҳаннам”-ро тамошо карда  ангушти ҳайрат газидам, ки барои ғаразҳои сиёсии худ  ҳизби наҳзати ислом ба чи найрангҳое қодир будааст. Инро аз нақли Айёмиддин Сатторов собик узви ҳизби манъшуда дарёфтам.

Халқи тоҷик дар арсаи таърих дар фарҳангофарӣ, хирадмандию маърифатпарварӣ ,афзалияти баланде доштанд,ки имруз ин мероси фарҳанги маънавю моддии  ниёгон дар тарбияи ҷавонони давраи соҳибистиқлоли оқилона ва эҷодкорона истифода мешаванд.

Фарҳанги имрўзаи  дар  давраи Тоҷикистони навин  дар асоси анъанҳо, ва меросҳои бойи фарҳанги ниёгон бо сурати баланд пеш рафта дар тарбияи ахлоқу одоб, хираду.заковати зеҳнии ҷавонон арзиши муҳимеро доро гардидааст.

Бояд бо як эҳтироми беназир ба эҷоди фарзандони баруманди миллат баён намоем,зеро дар тӯли асру замонҳо донишмандону муҳаққиқон ва аҳли адаб,илмҳои ҷомешиносӣ  шоҳкориҳои зиёде офаридаанд, маҳз ба шарофати истиқлолият китобҳои «Қуръони карим», «Маснавии маънавӣ»,«Шоҳнома», «Қобуснома», «Кимиёи хирад», «Ахлоқи Мӯҳсинӣ», «Саргузашти Ҳотам», «Тӯтинома», «Гулистон», «Бӯстон», «Шашмақом» ва бисёр асарҳои гаронбаҳои дигар дастраси  чомеаи муосир гардидаанд

Имрўз симои бузургони илму адаб , сиёсатмадорон, кахрамонҳои таърихи, олимону шоирони давраи  Шуравӣ дар тарбияи фархангии хамзамонони мо ҳиссаи махсуси худро  гузоштаанд.

Фурсати он расидааст, ки бештар рӯ ба фарҳанг орем, ба фарҳанги сулҳофарӣ ва сиёсӣ. Ба қадри сулҳ ва оромии кишвар бирасем. Ман тавбаи муйсафед А. Сатторовро қабул дорам.

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

4 × 4 =