ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ ВА ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ: М. САДРИДДИН-НОМАРДЕ АЗ ХУНИ НАҲЗАТИЁН!

Имрӯзҳо мебинем, ки М. Садриддин яке аз душманони миллати тоҷик, аз хоинони бадкеш ва ҳамзамон иғвобарангезони наҳзатӣ ба хотири фиреб додани мардум, гумроҳ сохтани ҷомеа ва ҳамчунин амали намудани мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшон имрӯзҳо ният дорад, то насли ҷавонро ба гумроҳӣ барад, ки ин хиёнат ва амали номардона мебошад.

Ҳоло кишвари мо хеле пеш рафтааст ва имкониятҳои мардум беҳтар гардидааст, ҳамзамон сатҳи дониши ҷомеа хеле боло рафтааст, ки дигар ба сафсатаҳои наҳзатиён бовар нахоҳанд кард. Ҳарчанд М. Садриддин дар пайравии амалҳои хоинонаи падараш мехоҳад, ҷомеаро ба нооромӣ даъват кунаду мардумро сарсону саргардон созад, аммо насли ҷавон дигарбора фирефтаи макру ҳияли аъзоёни ТТЭ ҲНИ нахоҳад шуд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори М. Садриддин аз хоинони наҳзатиро, ки ба хотири ноором намудани кишвар талош мекунад, маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!