Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон феълан дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳри татбиқ намудани ғояҳои воло ва омода намудани кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ шароитҳо муҳайё карда шудаистодааст.
Тавре, ки маълум аст, имрӯзҳо пас аз иваз шудани роҳбарияти донишкада ғамхорӣ нисбати донишҷӯён ва омӯзгорон беҳтар гардида, бо омадани н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳайси ректор дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баҳори нав шурӯъ шуд.
Донишҷӯйи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Насриддинов Умед дар озмуни вилоятии ихтироъкорон иштирок карда, сазовори ҷои дуюм ва панҷ ҳазор сомонӣ гардид. Ҳамчунин дар озмуни ҷумҳурияивии “Тоҷикистон ватани азизи ман” Хоҷаева Садаф донишҷӯйи донишкада ширкат варзида, ҷойи сеюмро дар озмуни вилоятии иншои беҳтарин дар мавзӯи муаррифии имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ишғол кард. Ёдрас мешавем, ки донишқӯёни мазкур бо тӯҳфаҳои Маркази миллии патенту иттилоот низ сарфароз гардонида шуданд.