Чанде қабл силсилафилми ҳуҷҷатии “Хиёнат” манзури ҳамватанон гардонида шуд, ки аз воқеиятҳои солҳои 90-ум ва хиёнаткороии душманони миллат дар он солҳо қисса менамуд. Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” воқеан дар ифшои бузургтарин асрор барои ҷомеа мусоидат намуд, зеро пас аз нашри ин филм ҷомеа фаҳмид, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ на ҳомии дину мазҳаб ва инсон, балки душманони дину мазҳаб ва ҷомеа ҳастанду барои хоҷагони хориҷияшон фаъолият мекунанд.
Маълум гардид, ки наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ бештар зери ниқоб баромад намуда, бар миллати тоҷик душманӣ меварзидаанду барои аз байн бурдани давлати миллии тоҷикон талош менамудаанд. Ба таври комил филми “Хиёнат” аз хиёнаткории сарвар ва аъзоёни ТТЭ ҲНИ қисса намуд, ки мешавад ин амалро ҳамчун як асноди таърихӣ шинохт. Филми мазкур чашми ҷомеаро дар шинохти душманони миллат боз кард ва чеҳраи аслии хиёнаткорони миллату Ватанро бармало сохт.
Мо, омӯзгорони кафедра ба созандагони филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” сипосгузорӣ намуда, ба ҳамватанон гуфтанӣ ҳастем, ки ба ин филм на ҳамчун филмнома, балки як санади таърихӣ бингаранд, то воқеияти душманон ва хоинонро бифаҳманд.