ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

«Терроризм ва экстремизм (ифродгароӣ) падидаи номатлуб буда, вабои аср эълон шуда, дар ягон давру замон оммаи мардум ва шаҳрвандони ҷаҳон онро дастгири намекарданд ва намекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон

         Ҷаҳони муосирро таҳдидҳои ҷиддӣ пеш омадааст, ки ба амнияти шаҳвандони он хатарҳо эҷод менамоянд. Аз ҷумлаи чунин хатарҳо радикализм, терроризм, экстремизм мебошанд, ки ҷанбаи пурқуввати мафкуравиро ба худ касб намудаанд ва бадбахтона, бо вуҷуди муборизаи шадид, он тавсия меёбад.  Хатари омезиши дину мазҳабҳо ба василаи мубориза мубаддал гашта истодааст. Коршиносон ин падидаҳои номатлубро маҳсули эҷоди ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии байни идораҳои ИМА, Арабистони Саудӣ ва Покисон медонанд, ки замоне аниқтараш солҳои 80 – уми асри гузашта барои муқовимат алайҳи фирқаи комунистҳо  «Ал – қойида» – ро офарида буданд. Вақеан ҳам, чун ба даҳсолаи охир назар афканем, тамоми ранҷу азоб ва кулфати мардум маҳз бо радикализм, терроризму ифродгароӣ иртибот мегирад. Мусаллам аст, ки дини мубини ислом ниёз ба ҳизбу ҳаракатҳои расмиву иртиҷоӣ  ва ифротӣ надорад. Созмон ва ҷараёнҳои ифротӣ ва иртиҷоӣ дар асоси  барномаҳои ташкилотҳои террористӣ ташкил ёфтаанд. Дарвоқеъ, ба ҳам тавъам донистани терроризм  бо дину мазҳаби мушаххас ба манфиати террористон аст ва дурустии ин суханро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳо, конфронсу анҷуманҳои ҷаҳонӣ борҳо зикр намудаанд, ки «терроризм ватан, миллат ва мазҳаб надорад», тасдиқи худро ёфтааст.

         Уламои дин бар он назаранд, ки набояд динро бо ҳурофот омехта кард. Онҳое, ки динро манбаи даромади худ ва ҳадафи ниятҳои носолимашон сохтаанд, бештар аз номи дин, Худо ва китоби муқаддаси Қуръон баромад мекунанд ва симои аслии хешро дар паси дини мубини ислом панаҳ менамоянд. Маънои аслии хурофот сафсатта, яъне дурӯғ найранг аст. Ҳол он ки хурофот душмани дин мебошад. Мақсади асосии ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ барҳам додани сарҳадҳои мамлакатҳо мебошад. Онҳо мехоҳанд, давлатҳоро бо зӯрии яроқу  идеология ғасб намуда, ба сари қудрат оянд. Вазъияти имрӯзаи Сурия, Ироқ, Бағдод, Афғонистону Эрон ба ҳама маълум аст. Аз кирдору амалҳои роҳбарони ин ташкилоти террористию экстремистии ҲНИ имрӯзҳо ҷаҳониён хеле хуб огаҳанд ва хушбахтона Суди Олии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби террористию ифротгароиро дар вақташ баррасӣ намуда, фаъолияташро қатъ намуд.

Ин ҳизби мамнӯъгардида, дар ибтибои солҳои 1992-1997 дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон амал намуда, баъд аз имзошавии созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чун ҳизби сиёси аз нав ба қайд гирифта шуда буд. Таърих нишон дод, ки фаъолияти ин ҳизб танҳо манфиатхоҳи мақсади “ният”-ҳои нопоки худ буд. Раёсати ин ҳизб дар охир бо сарварии шахси ватанфурӯш Муҳиддин Кабирӣ, ки имрӯзҳо чун фирори ватани аҷнабиёнро макони зисти худ интихоб кардаасту ба қадри пораи нон, қатраи обҳои мусаффои Тоҷикистони биҳиштосо нарасида, ҳатто аз ҷойҳо ҳам ором наистода мехоҳад ба амну осоштагии мо монеа эҷод кунад. Албатта ҳамаи ин “ҷонибҳо”-и вай ин хизмат ба “хоҷагон”-и худ аст, ки “сарпарастон”- мехостанд бо пардохти маблағҳои ҳангхудаст  сулҳи моро халалдор намоянд. Ин буд, ки бо супоришу маблағгузориҳои ин гурӯҳи “манфиатхоҳон” аз ҷумла аз ҷониби Эрони Исломи чеҳраҳои шинохтаи илму маърифати мо дар соҳои ҷанги шаҳрванди кушта шуда буданд, ба мисли О. Латифи, Исҳоқӣ, М. Ғуломов ва даҳҳои дигар. Инҷо суоле ба миён меояд…  онҳо чӣ мехостан. Бигзор ба ин савол аъзоёни собиқ ҳизби  ҲНИТ ва роҳбари собиқи он чун М. Кабирӣ ба мардуми тоҷик ҷавобе гӯянд. Рӯи рост ба аҳли мардуми тоҷик тариқи садо ва симо, рӯ ба рӯ сӯҳбат намоянд. Афсӯс наметавонанд… Зеро амалҳояшон ғайриқонунӣ буд ва онҳо чун гуреза берун аз ин марзу бум ҳастанд.

         Маҳз нодида гирифтани тараққиёти рӯзафзунӣ Тоҷикистон Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро  ноором кардааст ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ то ба имрӯз сару садоҳои баланд карда меояд. Ин ҳизби касифи фурӯхташуда бо ҳидояти хоҷагони манфиатҷӯяшон боиси даргириҳо шудаанд. Сад шукр, ки бо ҷаҳду талош, ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ҷанги бародаркуш гирифта шуд ва қариб си сол аст, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу салоҳ шоистагии зиндагӣ, созандагию бунёдкориҳо умр ба сар мебарад. Миллати тамаддунофари тоҷик дигар фирефтаи суханҳои авомфиребонаи наҳзатиён нахоҳад гашт ва таърихи пешина такрор нахоҳад ёфт. Ҷавонон дар атрофи Пешвои миллат мутаҳҳид шудаанд ва ваҳдати оламгири мо намегузорад, ки дигар пои нохалафон  ба сарзамин расад.

Исоева А.Т.

омӯзгори ДКМТ