ТЕРРОРИЗМ, БИОТЕРРОРИЗМ ВА БЕХАТАРИИ БИОЛОГӢ

   Терроризм – яъне зӯроварӣ ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони воқеъӣ, маҷбур кардан ё таҳдиди истифодаи он нисбати шахсони хуқуқӣ, хамчунин нобудсохтани (зарар расонидан) ё тахдиди нобуд сохтани (зарар расонидан ба) амвол ё дигар объектҳои моддии шахсони воқеъӣ ва ҳуқуқӣ, ки боиси хавфи ҳалокати одамон, расонидани зарари басо ҷиддӣ ба амвол ё ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок, ки бо мақсади халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир ҷиҳати аз ҷониби мақомоти ҳокимият қабул намудани қарор барои террористон мақбул ё қаноатбахш намудани манфиатҳои ғайриҳуқуқии амволӣ ва (ё) дигар манфиати онҳо, инчунин таҷовуз ба ҳаёти арбоби давлатӣ ё ҷамъиятӣ бо мақсади суст кардани сохти Конститутсионӣ ё амнияти давлат, ҳамчунин бо мақсади қатъ гардидани фаолияти давлатӣ ё дигар фаъолияти сиёсӣ ё содир намудани чунин кирдор бинобар интиқом барои чунин фаолият, инчунин сӯиқасд ба ҳаёт, расонидани зарари ҷисмонӣ ба ҳодими давлатӣ ё ҷамъиятӣ ё намояндаи ҳокимият, вобаста бо фаолияти давлатӣ ё ҷамъиятии онҳо, бо мақсади ноором сохтани вазқият ё расонидани таъсир ҷиҳати қабули қарор аз тарафи мақомоти давлатӣ ё монеъ шудан ба фаъолияти сиёсӣ ё xамьиятb, инчунин ҳамла ба намояндаи давлати хориxb ё корманди ташкилоти байналхалқии таҳти ҳимояаи  байналмиллалӣ қарордошта ё аъзои оилаи бо e истиқоматкунанда, инчунин ба биноҳои хизматӣ  ё истиқоматӣ ё воситаи нақлиёти ашхосе, ки таҳти химояи байналмиллалӣ қарор доранд, агар ин ҳаракатҳо бо мақсади барангехтани ҷанг ё мураккаб сохтани муносибатҳои байналхалқӣ содир шуда бошанд, мебошад.

     Биотерроризм-яке аз намудҳои муосири терроризм ба шумор меравад. Ҳангоми биотерроризм  аз агентҳои хатарноки биологии гуногун истифода мебаранд.  Аз таъсири агентҳои хатарноки биологии гуногуни муосир фаъолиятҳои ҳаётии аҳолӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат фалаҷ мегардад.

Ба манбаъҳои асосии хатарҳои биологӣ дохил мешаванд:

-эпидемия;

-эпизоотия;

-эпифитотия;

-садамаҳо дар объектҳои биологии хатарнок;

-манбаъҳои табии микроорганизмҳои патогенӣ;

-интиқоли транссарҳадии микроорганизмҳои патогенӣ;

-терроризми биологӣ;

-истифодаи аслиҳаи биологӣ ва ғайраҳо.

Биотерроризми муосир ба бехатарии байналхалқӣ таҳдид мекунад. Дар даври солҳои 1900-2001 262 ҳолатҳои садамаҳо бо истифодаи агентҳои биологӣ ба қайд гирифта шудааст. Ҳоло тахминан 1000 амалиётҳои биотеррористӣ ба қайд гирифта шудааст.

То айни ҳол чунин амалиётҳои биотеррористӣ амалӣ кардашуданд:

-дар соли 1995 диверсантҳои оппозитсияи тоҷик дар шаҳри Қӯрғонтеппа;

-дар соли 1995 сектаи Аум Синрикё дар Токио;

-дар соли 1997 гурӯҳи экстриместӣ ШМА;

-дар соли 1999 Ларии Уайн  дар ШМА;

-дар соли 2001 гурӯҳи Муҳамад Атта ва ғайра.

Институти Монтерей оид ба тадқиқотҳои байналмиллалӣ базаи иттилоитиро доир ба истифодабарии аслиҳаи қатли омми биологӣ аз соли 1900 то айни ҳол тартиб додаст.

Дар тадқиқотҳои  Институти Монтерей қайд карда шудааст:

-дар солҳои 1960-1999  415  амалиёти биотеррористӣ;

-дар  солҳои  1900-2001 262 амалиётҳо бо воситаҳои агентҳои биологӣ.

Дар замони муосир терроризм ва биотерроризм индустирияи аз ҷиҳати техникӣ ва технологӣ тараққӣ карда аст.

Инқилоби илмӣ-техникӣ дар биология ба рушди соҳаҳои гуногуни иқтисод, медисина, хоҷагии қишлоқ ва биотехнология таъсир расонд.

Инқилоби илмӣ-техникӣ имконият дод ба коркарди аслиҳаҳои муосири биологӣ. Аслиҳаи биологӣ нисбат ба дигар аслиҳаҳои қатли ом хатарноктар аст.

    Хатарҳои биологӣ гуфта ҳолатҳоеро меноманд, ки дар организмҳои зинда ба вуҷуд меоянд. Организмҳои зинда  ба  миқроорганизмҳо, наботот, ҳайвонот ва одамон тақсим мешаванд.

    Илме, ки қонунҳои ҳаётро меомӯзад, биология ном дорад. Организмҳои зинда ҳар хел мешаванд, лекин ҳамаи онҳо аз ҳуҷайраҳо иборатанд.  Наботот, ҳайвонот, одамон ҷомеаи бисёр ҳуҷайрагӣ ҳисоб мешаванд. Микробҳо  бошанд,  одатан аз як ҳуҷайра  иборатанд. Ба хатарҳои  биологӣ  дохил  мешаванд: ҳайвонҳои даррранда ва заҳрдор, растаниҳои заҳрдор ва микроорганизмҳои  бемориовар.

   Паҳншавии бемориҳои гузаранда дар байни одамон дар як минтақа эпидемия, дар байни ҳайвонот эпизоотия, дар байни  растаниҳо эпифитотия ном дорад. Усули несту  нобуд кардани микроорганизмҳои  касалиовар  ва  токсинҳои  онҳоро  дезинфексия  меноманд.

    Дар байни  касалиҳои одам  касалиҳои сирояткунанда ҷои махсусеро ишғол менамоянд. Як хусусияти касалии  сирояткунанда он аст, ки ба одам ё ҳайвоноти сиҳат зуд мегузарад. Бисёрии ин касалиҳо ба монанди зуком дар байни омма  зуд паҳн шуда, метавонад тамоми шахру деҳот, мамлакат ва ҳатто як қитъapo фаро гирад. Яке аз сабабҳои тамоми оммаро фаро гирифтани касалиҳои сирояткунанда он аст, ки  дараҷаи маданияти санитарии аҳолӣ, қоидаю  қонунҳои санитарию гигиениро риоя  кардани мардум хеле паст мебошад. Касалиҳои сирояткунанда аз микробҳо ва вирусҳо пайдо мешаванд. Микроорганизм  дар  замин, об, ҳаво хеле  бисёр аст. Бе иштироки микроорганизм  ҳаракати модда дар табиат мумкин нест. Онҳо барои бо таркибҳои  минералӣ ва нитроген бой  кардани  замин хизмат мекунанд. Ҷacaди мурда ва набототро мепӯсонанд. Бо ёрии баъзе микробҳо кефир, чурғот ва дигар хурокиҳо тайёр мекунанд. Дорую давоҳои  машҳур ба  монанди антибиотикҳо  (пенисиллин, стрептомитсин, левомиситин, тетрасиклин, грамиинидин) низ маҳсулоти микроорганизмҳо мебошанд. Дар қатори ин микроорганизмҳои зарарнок низ вуҷуд доранд. Баъзеи онҳо сабабгори паҳн гардидани касалиҳои сирояткунандаи инсон, ҳайвонот ва растаниҳои хоҷагии қишлоқ  мебошанд. Ин микробҳоро патогенӣ меноманд. Микроорганизмҳоро асосан ба гурӯҳҳои зерин таксим мекунанд:

1.Бактерияҳо организмҳои  якҳуҷайра,  ки бо роҳи ду тақсим шудан  меафзоянд.  Баъзе  бактерияҳо ба мисли бактерияҳои касалии сӯхтанӣ ва  кузоз  дар шароити номусоид  як қабат пардаи ғафс мебанданд ва ба хушкӣ,  гармӣ, шӯълаи офтоб ва моддаҳои химиявӣ  бисёртар тобовар мебошанд;

2.Мағори ин бактерияҳо бисёрҳуҷайра буда, ҳуҷайраҳои онҳо риштаро ба хотир меоранд;

3.Оддитаринҳо, организмҳои якҳуҷайрагии  ҳайвонӣ мебошанд;

4.Вирусҳо паразитҳои дохилиҳуҷайравӣ мебошанд;

5.Рикетсияҳо дар мобайни бактерия ва вирусҳо меистанд, онҳо танҳо дар дохили ҳайвонот ва ё ҳуҷaйpaҳoи  растаниҳо муфтхӯрона инкишоф меёбанд. Микробҳои патогенӣ моддаҳои махсус-токсинҳо ҷудо мекунанд, ки хеле заҳрнок мебошанд. Токсинҳоеро, ки микроорганизмҳо ҳангоми зинда  буданашон  ҷудо мекунанд, экзотоксинҳо меноманд. Эндотоксинҳо танҳо баъди  мурдани  ҳуҷaйраҳои микробҳо  пайдо шуда, дар таркиби ҳамаи микробҳои патогенӣ  вyҷyд дoштa метавонанд. Сабаби бевоситаи беморӣ ба бадани одам дохил шудани микроорганизми патогенӣ – токсинҳои заҳролудкунанда мебошанд. Бактерияҳои барангезандаи касалиҳои сирояткунанда аз беморон ба одамони сиҳат бо роҳҳои гуногун мегузаранд. Равандҳои паҳншавии касалиҳои сирояткунанда аз се қисм  иборат  аст:

1.манбаи  бактерияҳои касалиҳои  гузаранда;

2.тарзи сирояти он;

3.таъсирпазирии аҳолӣ.

   Агар  яке  аз ин  қисмҳо  набошад,  касалиҳои  гузарандаи нав пайдо  намешавад. Манбаи бактерияҳои  касалиҳои  гузаранда  одами  бемор  ва ё  ҳайвони  касал мебошад, ки  бактерияҳоро  ҳангоми  атса  задан,  сулфидан,  пешоб,  қай  кардан ва ё  бо  наҷосот  аз худ  мебароранд. Баъзан  организми  бемори сиҳатёфта  то хеле  вақт   микробҳои касалиоварро паҳн карданаш  мумкин аст. Ин  хел  одамонро бактериядор  меноманд. Баъзе  одамони солим  ҳам бактерияпош шуда метавонанд, гарчанде худашон бемор нестанд. Бактерияҳои касалиовар бо воситаи хӯрок, об ва ҳаво мегузаранд.  Бактерияҳои касалиовар дар ҳаво, об, ва хоку хӯрок  муддати дароз  зинда монда метавонанд. Эмгузаронӣ  воситаи асосии пешгирии  касалиҳои сироятӣ мебошад. Микроорганизмҳо ва токсинҳоро бо усули  дезинфексия нобуд месозанд. Онро  бо роҳи химиявӣ ё физикӣ иҷро мекунанд.  Барои  ин  йод,  хлор,  спирт,  инчунин роҳҳои ҷӯшонидан ва буғкунониро истифода мебаранд.

    Дар дунё ҳазорҳо намуди растаниҳои заҳрдор мавҷуданд, ки  заҳр  истеҳсол  мекунанд  ё  нигоҳ  медоранд. Дар  Россия зиёда аз 400 намуди онҳо вомехӯранд. Дар Тоҷикистон зиёда аз 30  намуди  растаниҳои  барои  ҳайвон  ва  одам  хавфнок вомехӯранд. Растаниҳои заҳрдор ҳархела  мешаванд. Як гурӯҳи онҳо пеш  аз гул  кардан, дигарашон дар давраи  гулкунӣ, сеюмашон  дар  давраи  пухтани  меваашон хавфноканд. Бисёрии ҳайвонҳо растаниҳои  заҳрдорро мешиносанд  ва онҳоро намехӯранд. Баъзе растаниҳо решаҳояш,  дигаре шоху  навда ва ширааш, чорӯмӣ  гулу баргҳояш  заҳролуд  мешаванд.

   Дар  байни  растаниҳои  заҳрдор Чилибиха бештар маълум аст. Ин растанӣ то 15 метр  баландӣ  дошта, дар таркиби баргҳо ва  навдаҳояш  стрихнин дорад,  ки сутунмӯҳраро фалаҷ мекунад. Индусҳои Америкаи Ҷанубӣ  дар пайконҳояшон  аз он истифода  мебурданд.  Ин растаниро ҳамчун позаҳр  дар вақти  мор газидан  истифода мебурданд. Ангар  дар  Осиёи Ҷанубӣ  мерӯяд, шираи  танааш заҳрнок аст. Истифодаи белена одамро беақл мекунад, дар  таркибаш селанин дорад ва  бисёр заҳрнок  аст. Тамоку дар асри 15 аз Америка оварда шудааст, аз халиҷи Табаго. Вай дар таркибаш заҳри никотин дорад. Заҳри  20 дона папирос одамро  мекушад. Одами тамокукаш бисёртар ба  касалии раки шуш  гирифтор мешавад. Дар байни чизҳое, ки аз Хитой ва Амрико оварда  шудаанд, картошка, помидор,  офтобпараст, тамоку  мавқеи зиёди истеъмол пайдо  кардаанд.

   Аз кӯкнор нашъаи ҳархела тайёр мекунанд. Аз афюн героин, морфин,  промедол  ва дигар маводҳои мухаддир истеҳсол мекунанд. Аз шираи крапива ба касалии пӯст дучор мегарданд. Олеандр – шохаҳо, баргҳо ва гулҳояш заҳрноканд.  Барг, поя ва гули картошка заҳри селанин  дорад. Барг ва  гулҳои меваи нопухтаи бузина одамро  заҳролуд мекунад. Барг ва гулҳои дипиталис заҳролуданд,  кори дилро номураттаб мекунад. Аҷалгиёҳ заҳрнок  аст. Гелиотроп – донҳои  пухтагиаш заҳри қотил  мебошад. Ба ҷигар ва майнаи  cap  таъсир  мерасонад. Донаҳои бодоми талхак, олуболу, гелос ва шафтолу  дар  таркибашон амигдалин  доранд  ва дар рӯдаҳо кислотаи сианид ҷудо мекунанд ва махсусан,  барои кӯдакон хавфноканд. Аломатҳои  ин  заҳролудшавӣ  нафаскашӣ оҳиста ва зӯракӣ шуда, аз даҳон бӯи бодоми талх меояд. Кӯдак  тез  беҳуш  мешавад. Пеш аз  беҳушшавӣ  кашишхӯрии мушакҳои  алоҳида ба амал меояд.

    Лавозимоти гуногуни ҷангӣ ва асбобҳое,  ки бо бактерияҳо пур карда шудаанд, яроқи бактериологӣ номида мешаванд. Чунин яроқ  барои саросар заҳролуд кардани одамон, ҳайвонот, хоҷагии қишлоқ  ва растаниҳо пешбинӣ шудаанд. Асоси таъсири  зараровари  ин яроқ воситаҳои бактериологӣ  мебошанд, ки ба онҳо микробҳои касалиовар (бактерияҳо, вирусҳо, рикетсияҳо, занбӯруғҳо) ва заҳрҳое, ки баъзе микробҳо ҳосил мекунанд, дохил мешаванд. Бактерияҳои касалиовар  мавҷудоти  хурдтарини зиндаи якҳуҷайрагӣ мебошанд, ки онҳоро танҳо бо микроскоп дидан мумкин аст. Ин  гуна бактерияҳо ба организми одам ё ҳайвонот дохил шуда касалиҳои вабо, тоун, шикампеч ва ғайраро ба вуҷуд меоранд. Бактерияҳои касалиовар ба хунукӣ тоб оварда метавонанд. Баъзе микробҳои касалиовар дар  раванди фаъолияти ҳаётиашон заҳр ҳосил мекунанд. Токсинҳои  баъзе бактерияҳо заҳри  қотил мебошанд. Вирусҳои касалиовар организмҳои хурдтарин буда, аз бактерияҳо садҳо маротиба хурд мебошанд. Онҳо одам ва ҳайвонотро ба касалиҳои вазнин  гирифтор мекунанд. Ба гурӯҳи рикетсияҳои касалиовар микроорганизмҳои махсус дохил мешаванд, ки онҳо дар бадани махлуқҳои хунмак зиндагӣ мекунанд. Рикетсияҳо барангезандаи касалиҳои вараҷаи кудомана, вараҷаи куҳои сангин мебошанд. Замбӯруғҳои  касалиовар микроорганизмҳои набототӣ буда, бештар ба пӯст, мӯи cap, ба нохуни одам зарар мерасонанд.

    Ҳангоми воситаҳои бактериологиро ба кор бурдани душман аҳолӣ дар натиҷаи нафас гирифтани ҳавои заҳролуд, истеъмоли хӯрок, норасоии об, аз газидани ҳашароту канаҳои заҳролуд, дар натиҷаи  бо пардаи луҳобӣ ва пӯсти захмдор роҳ ёфтани микробу токсинҳо, ҳангоми ба  чизҳои гирду атроф расидан, бо одамони касал муомила кардан ва ба ҳайвонот сару кор доштан ба касалӣ гирифтор мешаванд.  Таъсири мураккаби тарафайни организми касалшуда ва микроорганизми ба он дохилшуда инфекция ва  касалие, ки микробҳои касалиовар ба вуҷуд овардаанд,  касалии ифексионӣ ё касалии гузаранда номида мешавад.

Умуман давраи ҷараёни касалӣ чор фаслро дар бар мегирад: пинҳонӣ, нишонаҳои аввали касалӣ, авҷгирии касалӣ ва сиҳатшавӣ. Ҳоло зиёда аз сад намуди  касалии одам  маълум аст,  ки микробҳои касалиовар ба вуҷуд меоранд ва зиёда аз 35-тои онро ҳамчун  яроқи  бактериологӣ истифода бурдан  мумкин аст. Ин микробҳои  тоун, сӯхтанӣ, вабо, туляремия, брутселёз ва ғайраҳо  мебошанд, Барои одамонро захролуд кардан  ба ғайр аз аэрозолҳо,  инчунин барангезандагони  касалиҳои инфексионӣ -ро ба микдори зиёд паҳн кардан мумкин аст.

    Ҳаво, хок, озуқаворӣ, обро бо усули диверсионӣ ҳам заҳролуд кардан мумкин аст. Сари вақг хабар ёфта, аз усулҳои муҳофизат истифода бурдан роҳҳои асосии наҷотёбӣ аз хатар ҳисоб меёбанд.

     Дар натиҷаи рушди илмҳои биологияи молекулавӣ, биотехнология, инженерияи геннӣ, инженерияи сафедавӣ, терапияи геннӣ, идоракунии молекулавии рушд, коркард ва истеҳсоли аслиҳаҳои гуногуни биологӣ меафзояд.

Ҳоло намудҳои зерини аслиҳаи биологиро номбар кардан мумкин аст:

-патогенҳои традитсионӣ;

-патогенҳои генетикии модификатсиякардашуда;

-постгеномҳо ва аслиҳаи молекулавӣ.

    Бехатарии биологӣ илм дар бораи назария ва амалияи ҳифзи инсон аз омилҳои хатарноки биологӣ мебошад.

Бехатарии биологӣ ҳамчун илми муҳандисӣ дар бар мегирад системаи ягонаи медисинӣ-биологӣ, ташкилӣ, амалиётҳои муҳандисӣ-техникӣ ва воситаҳои ҳифзи кормандон, аҳолӣ ва муҳити зистро аз таъсири агентҳои биологии патогенӣ.

Вазифаҳои бехатарии биологӣ чунинанд:

-ҳифзи аҳолӣ ва муҳити зист;

-ҳифзи кормандон;

-ҳифзи маводи хӯрока.

Бехатарии биологӣ талаб мекунад;

-донишҳои мукаммалро оид ба таъсири механизми молекулавии агентҳои биологии хатарнок;

-рушди илмҳои фундаменталӣ.

Аз ин лиҳоз сатҳи баланди рушди илмҳои фундаменталӣ имконият медиҳанд, ки хатарҳои биологии гуногун пешгирӣ карда шаванд.

 

КУРАТОРИ ГУРӮҲИ АКАДЕМИКИИ

570102,  КУРСИ  3                                                          МАВЛОНОВ М.