Тавре, ки ба ҳамагон маълум аст, имрӯзҳо яке аз душманони миллати тоҷик, хоини бадкеш ва устухонхӯрӣ наҳзатӣ М. Садриддин аз ободиву осоиштагӣ ва рушди бемайлони кишвар ҳасад бурда, ҳамарӯза матлабҳои бардурӯғ нашр менамояду айбро бар сари давлату ҳукумат бор карданӣ шуд, ки ин ҳам номардӣ ва иғвоангезии ин палиди наҳзатӣ мебошад.
Зеро ҳамагон хуб медонанд, ки аъзоёни ТТЭ ҲНИ аз хоҷагони хориҷияшон маблағҳои ҳангуфте ба даст меоваранд ва мақсаду маромашон ҳам бар ивази ин маблағҳо хиёнат бар миллату давлати тоҷикон мебошад. М. Садриддин низ аз ҳамон палидакони муздурест, ки ҳар як ҳодисаро аз пашша фил сохта нашр мекунад, то барои хоҷагони хориҷияшон ҳисобот диҳаду маблағи хубе ба даст оварад.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманонаи М. Садриддинро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!