ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: ТОЛИБОН БОЯД АЗ ХУНРЕЗӢ ДАР АФҒОНИСТОН ДАСТ КАШАНД!

Имрӯзҳо мебинем, ки душманони мардуми ҳамсоякишвари мо, толибон ва дигар гурӯҳҳои террористӣ ба хотири даҳшатафканӣ ва ба даст овардани мақсадҳои нопоки худ дар ба ҳамлаҳои террористӣ мезананд, ки дар натиҷа бештар инсонҳои бегуноҳ ба қатл мерасанд. Ҳоло мебинем, ки гурӯҳҳои террористӣ зери қаноти созмони “Толибон” даромада дар минтақаҳои Афғонистон актҳои террористӣ содир мекунанд, ки ин як даҳшат аст.

Зеро дар ин ҳамлаҳои бераҳмона ва актҳои террористӣ бештар мардуми осоишта зарару зиён мебинанд, ки бар зидди ҳуқуқи башар мебошад ва бояд, ки сари ин масъала ҷаҳониён биандешанд ва ҳама гурӯҳҳои террористӣ бояд, ки решакан карда шаванд.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори ваҳшиёна ва нодурусту ғайриинсонии толибон ва дигар созмонҳои террористиро маҳкум намуда, талаби онро дорем, ки ҳамсоякишвари мо аз хоки душманони башарият пок карда шавад!