Сулҳу оромӣ яке аз неъматҳое мебошад, ки ҳар миллатро ба дурахшонтарин қуллаҳо мерасонад. Тамоми пешравиҳое, ки дар давлат ба вуҷуд меоянд, заминаи асосиашон сулҳу субот аст. Аз ин лиҳоз, таъмини оромӣ қарзи шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Маҳз бетарафӣ сабаби асосии ба миён омадани гуруҳҳои ифротӣ мегардад. Ба мисли он кишварҳое, ки аз бетарафии шаҳрвандони худ ба доми ифротгароён ворид шудаанд, дигар роҳи баромад аз ин домро намеёбанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ сохти демократию дунявиро интихоб карда, бо ин роҳ пеш меравад, бо амалҳои нангину хиёнаткоронаи як идда мазҳабгароёну гуруҳҳои мутаассиб, фурсатталаб, манфиатҷў ва бегонапараст рў ба рў гардида буд.
Ин гурўҳҳо ислому Қуръони азимушшаънро барои ба даст даровардани идеалҳои сиёси худ ҳамчун «ҳилаи шаръӣ» ба кор мебаранд. Дар асл, шариати исломӣ зуҳуроти номатлуб ва даҳшатноки терроризму ифротгароиро шадидан маҳкум намуда, мусулмононро ба ваҳдату бародарӣ, иттифоқу ҳамдилӣ, раҳму шавқат, эҳтироми байниҳамдигарӣ, иззату эҳтироми волидайн, сарфаю сариштакорӣ ва дар маҷмўъ ба амалҳои нек ҳидоят менамояд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмҳояш таъкид намудааст, ки ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони амиқи идеологист. Яке аз зуҳуроте, ки ҳоло ба вабои аср мубаддал гардидаву ба амнияти аҳолии сайёра таҳдид менамояд, ин фаъолияти ҳизби наҳзати ислом маҳсуб мешавад.
Дар ин замина, Пешвои миллат муҳтарам, Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти муҳимии мавзўъ, дар мавриди хатарҳои глобалии зуҳуроти нангинро «хатари аввалиндараҷаи ҷаҳони муосир» хондаву паёмадҳои нохуши онро « на камтар аз силоҳи ядроӣ» арзёбӣ кардаанд.
Дар асл роҳбарону аъзоёни ТЭТ ҲНИ натанҳо ватану миллат надорад, балки пулҳо ва роҳҳоеро, ки миллату маҳалро ба якдигар пайваст мекунад, тарконда, тухми кинаву адоватро кошта, соҳилҳои тамаддуни башариро аз якдигар ҷудо мекунад. Мутаасиб ба воситаи назария ва амалияи худ меҳрро ба адолат табдил дода, барои ҷамъият оқибатҳои фалокатангезро эҷод мекунад.
Хусусан баъд аз пош хурдани Иттиҳоди Шўравӣ дар кишвари мо гуруҳҳои мухталиф бо истифода аз холигии маънавию идеологӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гуруҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани қувваҳои нав сафарбар намуданд. Аз ҷумла он замон дар натиҷаи фаъолияти террористии ҲНИ ҳурофоту таассуби динӣ-мазҳабӣ дар кишварамон доман зад ва аксарияти ҷомеаи тоҷик таҳти фишори равонӣ ва мафкураи бегона қарор гирифт. Таблиғоти мафкураи динӣ-мазҳабии мутаассибона ва ифротии ҲНИ ва баъзе « саршиносон»-и рўҳонияти исломӣ ибтидои солҳои навадуми садаи бист дар ҷумҳурӣ хараҷу мараҷи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва дар натиҷа, буҳрони фарогирро ба вуҷуд оварда, домани бетартибиҳои мардумиро дар минтақаҳои даргири Тоҷикистон тавсеа бахшиданд ва ба ин тариқ сабабгори асосии ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд.
Имрўз миқдори ҷонибдорони онҳо дар кишвар ба чашм мерасанд. Пас, мо бояд бо дарназардошти ин вазъият, бахусус авҷгирифтани падидаи номатлуби ифротгароиву терроризм беш аз пеш ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, аз ин ҷараёнҳову гуруҳҳо ҷилавгирӣ намоем.
Ҷахони муосир пур аз тазод, мушкилот, ихтилофу зиддиятҳост, ки яке аз сабабҳои он афзудан ва густариш ёфтани терроризм, экстремизм, фундаментализм, сепаратизм ва дигар зуҳуроту падидаҳои номатлубу хатарафзо мебошад.
Дар ҷаҳони муосир тайи солҳои охир ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва динию мазҳабӣ бо амалҳои ғайриинсонӣ ва кирдорҳои разилона авзои сиёсии сайёраро ноором карда, ҳаёти осоиштаи сокинони ин ё он давлатро зери хатар мегузоранд.
Мухаққиқон ва коршиносон бар ин назаранд, ки зухуроти номатлуби бунёдгароӣ (фундаментализм), тундгароӣ (радикализм), ифротгароӣ (экстремизм) ва даҳшатафканӣ (терроризм) дар маҳрумиятҳои фикрӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ реша дошта, қишрҳои камфаъол ва камзарфияти иҷтимоӣ ба ин гурўҳҳо шомил мегарданд ва дар натиҷа миёни ҷомеа, бахусус қишрҳои осебпазири иҷтимоӣ зўроварию бадбинӣ (агрессия), истибдод (деспотизм) ва хушунат тавлид мекунанд.
Ифротгароии динӣ маҳсули фарҳанги номукаммал ва натиҷаи ҷаҳолати мардумист. Ҳар қадар дар ҷомеа ҷахлу зулмот мусаллат бошад, ҳамон қадар беназмӣ, беадолатӣ ва қонуншиканиҳо решадор мегарданд. Гурўҳҳои махсусе таҳти кўшиши ҳадамоти ҷосусӣ афродро дар доираи дину мазоҳиб мағзшўӣ мекунанд ва барои анҷом додани амалиёти даҳшатафканӣ ва таҳрибкорӣ сафарбар менамоянд.
Баъди гузаронидани мағзшўии мақсаднок ва дар шуури торики онҳо ҷой кардани афсонаҳои бофтаи «ҷиҳоду шаҳодат» онҳоро ҷониби худкушӣ роҳнамун месозанд ва ин ақлбохтагон бо боварию итминони роҳёбӣ дар биҳишти хаёлиашон даҳҳо нафар бегуноҳонро ба коми марг мефиристанд.
Одатан ҷавонон, ки аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, осебпазиртар буда, зуд ба ин ҷараёнҳо ҷалб мешаванд. Муҳимтар аз ин онҳо фикр мекунанд, ки дар пешгоҳи Худованд иззат доранд ва бо ин гумон ба ҳар коре, ки «миёнҷиёни худо» дар қолаби ҷиҳоди динӣ мефармоянд, қатъиян иҷро карда, ба биҳишти ваъдагӣ мерасанд. Бозӣ кардан бо зеҳни насли ҷавон, мутаассибон ва эҳсоси мардуми хурофотӣ аз мушахассоти кори хадамоти махсус маҳсуб меёбад.
Ҳар шаҳрванди Чумҳурии Точикистон, ки ба ин гурўҳҳои ифротӣ ҳамроҳ мешавад, дар мақсадҳои шум ва фаъолиятҳои зиддидавлатӣ ва зиддимиллии онҳо шарик аст. Яъне ў бевосита дар муқобили давлати худ, бар зидди Ватани худ ва дар душман ба миллати худ қарор мегирад. Хамин тавр, ў бо тамоми маънояш хоини Ватан мешавад!
Дар ин марҳилаи басо ҳассосу муборизаҳои ошкору ниҳони нерўҳои гуногун, вазифаи муқаддаси ҷомеа, пеш аз ҳама ба таълиму тарбия фаро гирифтани ҷавонон, ба роҳи рост ҳидоят намудани онҳо ва пешгирӣ аз воридшавии онҳо ба ҷараёнҳои ифротию тундгаро мебошад. Ҷавонон дар рўҳияи худшиносӣ ва ифтихори ватандорӣ тарбия ёфта, ба онҳо дар муҳити оила, ҷомеа ва муассисаҳои таълимӣ ахлоқу одоби ҳамида, маърифати шаҳрвандӣ, камолоти инсонӣ, риояи арзишҳо миллӣ ва умумибашарӣ таълим диҳем, то ки наврасону ҷавонони мо ҳамчун ворисони арзандаи Ватану миллат ба воя расанд. Зеро, Тоҷикистон кишвари бузургест, ки саропо меҳрофарину дилнишин, бузургмардуму дилфиреб аст. Меҳри бузурги ин сарзамин ҳар як инсони асилро дар дилу дар ҷон аст. Сарзамини дилфиреб, макони бузургони хирад, оқилону фарзонагон ва шўҳратмандон аст.
Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки шохаҳои пурқуввату бузургаш сояафкани ҳар гулу гиёҳи арзандаи ўст ва меваҳои рангину лазизаш мардуми бонангу номўс ва бодонишу баори он машҳури дунё гаштаанд.
Мо, ки худро миллати соҳибкитобу тоҷдор ба ҷаҳониён муаррифӣ кардаем, набояд ҷавонони мо ба ин гуна гуруҳҳо шомил шаванд. Имрўз ҳама гуна шароит барои ҷавонон муҳайё аст. Бояд мо бештар ба театр, китобхона, маҳфилҳои илмиву адабӣ ва фарҳангиву фароғатӣ рў биёрем, чунки танҳо дар сурати чунин рўоварданҳо метавонем ҷаҳонбинии худро васеъ карда, некро аз бад ба пуррагӣ фарқ кунем.
Шехова М.М.
омӯзгори ДКМТ