ҶАВОНОН ЗИДДИ РАДИКАЛИЗМ

Дар ҷаҳони мутамаддин баробар ба инкишофу пешрафт ва истифодаи техникаву технологияи ҷадид омилҳое дар ин росто падид меоянд, ки муаммоҳои глобалиро дар сайёраи замин ба  вуҷуд меоваранд. Дар таърихи башарият исбот гардидааст, ки ҷомеаи инсониро ҳар гуна таҳдиду хатар ва мухолифату низоъҳои мазҳабиву динӣ, қабилавию нажодӣ ба ташвиш меовард, ҳамзамон таъсири манфии худро боқӣ мегузошт.

         Ҷомеаи ҷаҳониро дар шароити кунунӣ терроризм ва экстремизм ба ташвиш овардааст ва ба як масъалаи доғи рӯз низ мубаддал гардидааст. Таҳлилгарони масоили сиёсӣ, олимон ва сиёсатмадорон ҳарчанд корҳои зиёди илмӣ ҳам дар ин ҷода рӯи кор оварданд, вале масъалаи мазкур ҳамоно тақозо мекунад, ки он ба таври васеъ омӯхта шавад.

         Агар мо ба шарҳ ва мафҳуми радикализм таваҷҷӯҳ мекунем он ба калимаи лотинии «radix» таллуқ дошта, маънои «реша» ва «бех»-ро дорад. Истилоҳи радикализм ҷомеи афкори ҳаракоти иҷтимоӣ-сиёсӣ буда, мақсадаш сарнагун сохтани институтҳои амалкунандаи сиёсӣ мебошад. Радикализм ҳамеша бо сохтори сиёсии амалкунанда дар мубориза аст ва кӯшиш мекунад авзоро дар ҷомеа ноором созад. Радикалҳо мақсадҳояшон ҳамешагӣ нопок аст, онҳо бо расонидани иттилооти низоъовар, ташкили бесарусомониҳо, ташкили бӯҳронҳои иҷтимоӣ бо роҳи ба амал овардани низоъу норизогии мардум ҳамзамон фишор овардан ба ҳокимияти сиёсӣ мебошад.

         Силоҳи асосие, ки ифротгароён мавриди истифода қарор медиҳанд, ин пеш аз ҳама ақидаҳои ифротии онҳост, ки аввалқадам ҷавононро метавонанд фирефтаи доми андешаҳои худ гардонанд. Ақидаҳои ифротӣ метавонад ҷавононро ба ҳар гуна хатарҳои ҷисмиву равонӣ дучор гардонад. Мағзшӯӣ кардани ҷавонон тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҷалб намудани онҳо ба худкӯшиву оламсӯзӣ ин амалест, ки ба он танҳо бо ақида мебояд мубориза бурд.

          Ташаббусҳои сулҳофарандагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонро ба тасхир овард ва ин аст, ки дар анҷуманҳои сатҳи баланд ҷомеаи ҷаҳонро ба муборизаи дастҷамъона  алайҳи терроризм ва ифротгароӣ даъват намуда, аз пайомадҳои пурфоҷеаи он ҳушдор дод.

         Фирефта гардидани баъзе аз ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, даст задани онҳо ба амалҳои хатарнок ва нанговар омилҳои гуногунро дорад, ки яке аз он маърифати паст ва надоштани дониши мукаммали диниву дунявӣ аст, ки  инсонро ба роҳи бад мебарад. Дар самти пешгирии он мебояд волидайн, мактаб ва ҷомеа бо чунин ашхос бештар корбариву тарғиби илмомӯзӣ кунанд. Омили дигаре, ки ҷавононро ба ин роҳ тела медиҳад машғули кори доимӣ набудан мебошад. Асосҳои дигари фирефташавии ҷавонон ба пулу мол ва боло гузоштани манфиатҳои шахсӣ аз арзишҳои миллӣ аст. Надоштани дониши зарурӣ ва ақидаи солимӣ ҷамъиятӣ ба ин гуна ҳолатҳо сабаб мегарданд. Омили дигари фирефташавӣ ин надоштани маърифати баланди истифодаи интернет мебошад, ки бештар паҳнкунандагони ақидаҳои ифротӣ аз он истифода мебаранд.

         Маълум аст, ки  дар таърихи  11.03.2008  «Ҳизб-ут-таҳрир», 8.01.2009 равияи динии «Салафия», 3.05.2012 ҷамъияти «Ансоруллоҳ» ташкилотҳои террористӣ экстремистӣ шуморида шуда, фаъолияти онҳо манъ карда шудааст.

         Вазъи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки амалҳои экстремистӣ ихтилофу ҷудоиандозӣ, душманӣ, нооромӣ ва оқибатҳои фоҷеаангезро меорад.

         Имрӯз ҷавонони кишвар метавонанд бо роҳу усулҳои аз худ намудани донишҳои сиёсиву фарҳангӣ ва таърихӣ пеши ин вабои асрро бо нерӯи зеҳнии худ гирифта бошанд. Ширкати теъдоди зиёди ҷавонон дар конфронсҳои илмӣ-оммавии сатҳи ҷумҳуриву байналмилалӣ дар масоили зерин, саҳмгузорӣ дар ободонии кишвар, ширкат дар барномаҳои таҳлилии телевизионӣ ва радиоӣ имкон медиҳад, ки ҳарчӣ бештар ҳамсинну солони худро аз даст назадан ба амалҳои номатлуб огаҳ созанд. Иштироки ҷавонон дар чорабиниҳои гуногуни варзишӣ ва дастовардҳои бузурги онҳо дар озмунҳои байналмилалӣ далолат ба он медиҳад, ки тавассути ин комёбии худ онҳо метавонанд боз бештар самти варзишро дар ҷомеа тарғиб намоянд, ки ин ҳам барои ҷалби андеша ва фаъолнокии ҷавонон дар ин самт мусоидат мекунад.

         Миқёси амалҳои террористӣ бошиддат меафзояд. Аз рӯи ҳисоби Департаменти давлатии ИМА ҳамасола дар ҷаҳон аз 320 то 620 амалиёти террористӣ анҷом дода мешавад. Аз дасти террористони СИКХ 31.10.1984 кушта шудани сарвазири Ҳиндустон Индира Гандӣ, қатли якчанд шахсиятҳои сиёсӣ аз ҷумла сарвазири Ҳиндустон Раҷив Гандӣ, аз тарафи террористони «Созмони озодибахши Тимил Илама» дар Шри –Ланка ва Президенти Шри –Ланка Ринасингх Премадас (соли 1993), куштори прокурори шаҳри Генуя Франческо Коко ва собиқ сарвазири Италия Алдо Моро аз тарафи террористони созмони «Бригадаҳои сурх», аз тарафи ду нафар террористони араб кушта шудани фармондеҳи номдор, вазири мудофеаи Афғонистон Аҳмадшоҳи Масъуд ва ғайра собит менамояд, ки террористон дар баробари дуздидани одамон, партофтани бомба дар ҷойҳои ҷамъшавии одамон, ба куштори шахсиятҳои олирутбаи давлатӣ ва ҳизбӣ бештар даст мезананд.[1]

         Имрӯз ҷавонони кишварро метавон яке аз фаъолони ҷамъияти кунунӣ ном бурд. Хизматҳои содиқонаи онҳо дар рушди илм, фаъолнокияшон дар ҳокимияти давлатӣ ин имкон медиҳад, ки ҷавонони худогоҳу ватандӯст ақидаҳои созандаи худро дар пешбурду ободонии мамлакат роҳандозӣ намуда, дар баробари мамолики мутарақии ҷаҳон кишварро дар ҳама самт рушд бахшанд. Ҳарчанд дар сафи фирефташудагони равия ва ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сафи ҷавонон бештар аст, аммо ин далели онро надорад, ки ҷавонон нисбат ба ифротгаро гардидани баъзе аз ҳамсолони худ бетарафанд. Ҷавонон имрӯзҳо дар ҳар лаҳза тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ вокунишу гузоришҳо зидди ақидаҳои ифротгароёна баён мекунанд, ки ин ҳам метавонад дар пешгирӣ намудани гаравиши фирефташавандагон мусоидат кунад.     

         Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ низ метавонад, ки ғуруру ҷавонмардӣ ва ҷасорату шуҷоатро дар дили насли ҷавони кишвар ҷойгир кунад, ҳамзамон ҳифзи муқаддасоти миллиро боло гузоштанро дар ҳар лаҳза ба онҳо водор созад. Дар шаҳру навоҳии мамлакат дар рӯзи гусели наваскарон аз ҷониби ҷавонони фаъол ташкили чорабиниҳои бузурги фарҳангӣ далолат ба он медиҳад, ки эҳсоси баланди ватандӯстӣ дар қалби ҷавонон бедор гардад. 

           Тафтишот ва таҳлилҳои гаравиши ҷавонон ба ҷараёнҳои ифротӣ собит намудааст, ки бештари фирефташудагон аз лиҳози зеҳнӣ ва ақлонӣ рушд наёфтаанд, ки он омили зуд ба ҷараёнҳо ҷалб гардиданашон гардидааст. Ин аз он далолат медиҳад, ки сатҳи огоҳии ҷавонони фирефтагардида аз моҳияти дини мубини ислом паст буда, дар онҳо коҳиши асосҳои ахлоқӣ ва талош барои ҷустуҷӯи адолати иҷтимоӣ падид меояд.

         Муҳоҷират низ яке аз омилҳои фирефташавии ҷавонон мегардад. Насли ҷавон дар муҳоҷират беназорат монда, эҳтимоли зиёд шудани ҳиҷрат ва пайвастани онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад. Албатта пешрафт ва тараққиёти иқтисодиву иҷтимоии ягон кишвари оламро бе ширкату фаъолияти ҷавонон тасаввур кардан имкон надорад. Дарки нодурусти моҳияти демократия низ сабаб гардида, ки баъзе ҷавонон аз паи ҳавою ҳавас ба амалҳои ношоистаи ҷиноят даст мезананд, ба доми фиреби фарҳангу динҳои сохтаву бегона кашида мешаванд.

         Пешгирӣ аз гурӯҳҳои тундгаро вазифаи ҷонии ҳар як соҳибватан дар ҷаҳони муосир ба шумор меравад. Волидайнро месазад ҳар рӯз аз вазъи таълиму тарбияи фарзанд бархӯрдор гарданд ва зери назорати доимӣ қарор бидиҳанд. Вазъи ҷаҳони имрӯз хеле ҳассос аст. Имкониятҳои васеъи истифодаи техникаи муосир шароит фароҳам меоварад, ки шаҳрвандони синну соли гуногун тавассути истифодаи шабакаҳои интернетӣ аз рӯи фиребхӯрӣ ё дидаву дониста ба гурӯҳҳои тундгаро пайванданд. Аз ин лиҳоз, ҳар сокини мамлакат алалхусус ҷавононро месазад, ки ҳангоми истифодабарӣ аз шабакаҳои иҷтимоӣ фарҳанги бузурги ахлоқиро нишон дода, бо ҳар гуна муҳокимаҳои бӯҳтонагез номи худ ва волидайни худро доғдор насозанд. Ҳамеша ба манфиати миллату давлат сухан гуфтан ва дар амал татбиқ намудани эҳсоси ватандӯстӣ қарзи муқаддаси ҳар марди хирадманд ва соҳибватан аст. Саҳмузорӣ дар ободонии кишвар ҳифзи арзишҳо миллӣ оини ватандорист.

Осими Оқил,

Н.и.техникӣ

Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон

[1] Терроризм ва экстремизм-падидаҳои номатлуб. (маҷмӯи мақолаҳо) Нашриёти «Меъроҷ». Хуҷанд. 2017.