ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: М. САДРИДДИН-ҚАЛЛОБ!

Тавре, ки маълум аст,  яке аз душманони миллати тоҷик, равонии бадкеш ва хоин М.Садриддин имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ мақолаву гузоришҳои бардурӯғ таҳия намуда, давлату миллат ва кишварро танқид менамояд, ки кори нодуруст мебошад. Зеро ҳар як баҳона ва ҳар як иштибоҳи сокинонро ба Ҳукумат рабт додан, аллакай худ камоли бехирадист. Аммо М. Садриддин хоин бо ҳамин баҳона мехоҳад, дасисабозӣ кунад, иғвобарангезӣ намояд, ки ин бисёр ҳам иштибоҳи сахт мебошад.

Албатта, хоинони миллати тоҷик, бадкешони наҳзатӣ ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа ва фиреб додани мардуму  насли ҷавон имрӯзҳо кӯшиш мекунанд, то ҳар гуна иғвобарангезӣ намуда, оромиву ваҳдҳати миллатро халалдор созанд ва М. Садриддини хоин ва қаллоб ҳам аз ҳамин қабил аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, бар М. Садриддин лаънат мехонем!