ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ ФАНҲОИ ГУМАНИТАРӢ-ИҶТИМОӢ: ТТЭ ҲНИ- СОЗМОНИ ХИЁНАТКОРОН!

Ҳамон гуна, ки ба ҳамагон маълум аст, пас аз хиёнатҳо ва ҷиноятҳои зиёд фаъолияти ТТЭ ҲНИ маҳкум карда шуд. Аммо аъзоёни ин ташкилоти террористӣ-экстремистӣ ба хориҷи кишвар фирор намуда, бештар талош намуданд, то ҷомеаро гумроҳ созанд.

Ҳоло наҳзатиёни манфур ва хоин чандин расонаи иттилоотиро таъсис додаанд, ки мақсаду маромаш иғвоангезӣ ва дасисабозӣ мебошад. Яке аз чунин сомонаҳо Паём.нет аст, ки минбари тарғиби ғояҳои террористӣ-экстремистии наҳзатиён аст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори хоинони миллат, наҳзатиёни чапаргӯшро маҳкум намуда, бар онҳо лаънат мехонем!