Шӯрои шаҳри Боулдэри ИМА дар як овоздиҳӣ бо раъйи оро қароре қабул кард, ки қисматҳои берунаву дохилии “Чойхонаи Боулдэр-Душанбе”-ро таҳти ҳимоят қарор дода, ин тарабхонаро ба унвони як муассисаи таърихӣ эътироф мекунад.
Овоздиҳие, ки дар ҷаласаи онлайнии Шӯро баргузор шуд, қарори аъзои онро дар хониши дуюм якдилона тасдиқ кард ва дар ҷаласаи 3-юми декабр ниҳоӣ мешавад.
Гузориши видеоиро ин ҷо бубинед.
Шаҳрдори Боулдэр Сем Уивер дар ҷаласаи рӯзи сешанбе баъди шунидани назари ҳама аъзои Шӯро гуфт, “ин чойхона як ганҷинаи шаҳри Боулдэр аст”. Ӯ гуфт, ин муассиса “як фазои шарқӣ дорад ва мо хушбахтем, ки соҳиби чунин бино ҳастем”. Ба гуфтаи ӯ, қарори ба унвони “макони таърихӣ эътироф кардани” чойхонае, ки беш аз 30 сол пеш сохта шудааст, “бисёр дуруст” аст, чун “таърихаш ғанӣ аст”.
Ҷаласаи аввали Шӯрои шаҳри Боулдэр дар масъалаи муашххас шудани сарнавишти чойхонаи аввалини тоҷикӣ дар Амрико моҳи октябр бо дархости созмони ҷамъиятии “Дӯстони чойхонаи Боулдэр-Душанбе” ба баррасӣ гузошта шуд. Дар баррасии аввал ҳомиёни чойхонае, ки бо дастони ҳунармандони тоҷик кандакорӣ шудааст, гуфтанд, ҳимояти шаҳрдорӣ аз ин муассиса умри онро ба ҳайси гӯшаи зебои шарқӣ ва таърихӣ дароз мекунад.
Яке аз ҳомиёни чойхона гуфт, “дар пасманзари хокистар шудани арзишҳои фарҳангию мадании исломӣ бо дасти гурӯҳи “Давлати исломӣ”, мо бояд ин гӯшаро ҳамчун намунаи фарҳанги исломӣ, ҳифз кунем”.
Дигаре пешниҳод кард, ки барои таъмиру барқарории бархе ҷузъҳои чойхона устоҳои тоҷик аз худи Тоҷикистон даъват шаванд, то ки бо донишу ҳунари худ ороишоти дохиливу берунаи онро барқарор кунанд.
Бар асоси қарори Шӯрои шаҳр, ороишоти дохилу беруни чойхона ба ҳайси арзишҳои таърихии мавриди ҳимоят сабт мешаванд ва ин қарор ошхонаву дастшӯӣ ва дигар гӯшаҳои фаннии онро марбут намешавад.
Чойхонаи пурнақшу нигори тоҷикӣ дар як шаҳри амрикоӣ таърихи беш аз 30-сола дорад. Дар вебсайти худи ин муассиса дар бахши “Таърихчаи чойхона” дар баробари шарҳи нақши чойхонаҳо дар фарҳанги мардуми Осиёи Марказӣ, дар бораи таъсисёбии ин тарабхона ҳам шарҳе оварда шудааст.
Ба навиштаи муаллифон, соли 1987 шаҳрдори вақти Душанбе Мақсуд Икромов зимни сафар ба Боулдэр эълон кард, ки Душанбеву Боулдэр бародаршаҳр мешаванд. Барои бунёди он 40 рассому кандакор ва дигар ҳунармандон аз Тоҷикистон ҷалб шуданд ва меъмор ё муаллифи тарҳ Ладо Шанидзе буд. Вебсайт ёдовар шудааст, ки 200 ороишоти чубии чойхона дар Тоҷикистон сохта шуда, баъдан ба ИМА интиқол ёфтааст.
Ҳоло чойхонаи тоҷикӣ дар Амрико ба ҳайси як тарабхона амал мекунад, саҳни ҳавлӣ дорад ва барои меҳмонҳо навъҳои мухталифи ғизоҳои мардуми шарқу Аврупоро пешниҳод мекунад.
Чойхонаи тоҷикӣ дар Боулдэр аввалин тарабхонаи миллии тоҷикӣ буд, ки дар ИМА бо ташаббуси Мақсуд Икром, шаҳрдори Душанбе дар замони шӯравӣ, охири солҳои 1980-ум сохта шуд. Тафовути ин муассиса аз онҳое, ки солҳои охир пайдо мешаванд, дар он аст, ки дар бунёди чойхонае бо ороишоти меъмории сирф тоҷикӣ мақомоти ҳукумати Тоҷикистон ширкат кардаанд.
Баъди касби истиқлоли Тоҷикистон, боз шудани марзҳо ва имкони сафар ба хориҷа бисёр тоҷикистониҳо ҳам ба ИМА рафта чойхонаву тарабхонаҳои миллӣ боз карданд. Соли 2018 як чойхонаи тоҷикӣ дар шаҳри Омаҳаи аёлати Небраскаи ИМА ҳам ифтитоҳ шуд.