Чанде қабл дар расонаҳо роҷеъ ба қаллобиву мардумфиребии М. Садриддин яке аз дастнишондодаҳои наҳзатӣ сухан мерафт, ки дар он аз ҷумла омадааст, ки М. Садриддин бо истифода аз ҳадису ояҳои китоби мусалмонон се нафар шаҳрванди ҷумҳуриро фиреб дода, аз онҳо 430 ҳазор доллар гирифтаву барнагардонидааст. Яъне қаллобӣ дар рӯзи равшан. Тавре гуфта мешавад, М. Садриддин сафсатагӯйӣ наҳзатӣ барои ба боварии ин се нафар даромадан, худашро шахси ботақво вонамуд карда, чанд мисол аз дину шариат оварда, пулҳоро гирифтаасту барнагардонидааст, ки инро мешавад суперқаллобии наҳзатиён номид.
Зеро 430 ҳазор доллар пули кам нест ва ин маблағ ҳам ба осонӣ ба даст наомадааст, аммо М. Садриддин бо истифода аз макру найранги наҳзатӣ ин маблағҳоро аз худ кардаву ба хориҷи кишвар фирор намудааст, ки ин амали номардонаву ноҷавонмардона мебошад.
Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишвар бояд огоҳ бошад, ки наҳзатиён қаллобанду бо роҳҳои гуногун мехоҳанд миллатро фиреб диҳанду ҳаққи мардумро бихӯранд ва дин барои онҳо як всилаи гумроҳсозиву маишати рӯзгор аст.
Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори М. Садриддин хоин ва қаллобу фиребгарро комилан маҳкум намуда, бар ӯ лаънат мехонем!