ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ МАТЕМАТИКАИ ОЛӢ ВА ИНФОРМАТИКА: М. ОДИНАЕВ ҚОТИЛ АСТ!

Дирӯз наворе дар расонаҳо ба нашр расид, ки қотил ва авбошу маккор будани М. Одинаев муовини раиси ҲСДТ  ошкор менамояд. Тавре дар навор аён аст, бонуе аз куштори бераҳмонаи модараш, ки онро зани Маҳмурод Одинаев бераҳмона ба қатл расонидааст, қисса мекард. М. Одинаев бо ҳамроҳии ҳамсараш зани ҳамсояро бо роҳи гузаронидани сӯзандору ба қатл расонида, нияти соҳиб шудани молу муулки ӯро кардааст, ки ин бисёр ҳам амали паст мебошад.

Наход М. Одинаев инсон набошад?

Оё он зани бегуноҳ айбе дошт, ки ӯро ба қатл расонидаанд?

Гуноҳи ин зан ҳамин будааст, ки ҳамсояи М. Одинаевим хунхор ва фиребкор будаасту халос ва М. Одинаев бо нияти бад ва зишт хостааст, то ҷони ҳамин зани бечораро бигирад, ки ин воқеан ҳам амали инсонӣ нест ва барои ин корро содир кардан бояд инсон не, балки ҳайвони ҳайвонтар буд.

Аммо сад дареғ, ки мо М. Одинаевро, ки гоҳ-гоҳ даъвои сиёсат мекунад, нав фаҳмидем, ки дар асл кӣ будаасту чи сирати зиште доштааст.

Мо, омӯзгорони кафедра ин рафтори номардонаву нодурусти М. Одинаев муовини раиси ҲСДТ-ро маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!