Маҳмурод Одинаев муовини раиси ҲСДТ, ки имӯзҳо нияти эътирози оммавӣ барпо карданро дорад, як маротиба андеша намекунад, ки фарқи байни одаму ҳайвон адаб аст?
Оё М. Одинаев, ки ҳамчун мухолифи сиёсӣ худашро ҷилва додан мехоҳад, фикр намекунад, ки ин ҳама эътирозҳо чӣ маънӣ дорад? Оё М. Одинаев ақлу тамиз ва одоб дорад?
Шояд дар бораи камбуди зиндагӣ ва мушкилот дар тамоми ҷаҳон бигӯянду нависанд, аммо ба ин ҳукумат чӣ гунаҳкор аст?
Ва барои ин чаро эътироз зарур аст? Ба ҷойи эътироз кардану хиёбон баромадан беҳтар нест, ки бираванду коре кунанд, дарахт нишонанд, то маҳалле, хиёбоне обод гардад. Хуб медонем, ки ҲСДТ имрӯзҳо бештар тарафдорӣ аз ғояҳои ифротии ТТЭ ҲНИ мекунад ва шояд раису муовинонаш аллакай аъзои ТТЭ ҲНИ шуда бошанд, чунки борҳо аз ҳимояти ин ҳизб ва террористон дар расонаҳо гап мебарояд ва ин ҷо ҳатман чизе ҳаст.
Зеро М. Одинаев, ки аз номи халқ сухан меронад, оё боре аз зиндагии мардум огоҳ шудааст?
Мебинем, ки имрӯзҳо ҳам фирефташудагон ва гумроҳон зиёданду нияти эътироз карданро мехоҳанд, ва боз мехоҳанд, ки ҷомеаро ноором созанд ва ин хиёнати бузург мебошад. М. Одинаеви баном сиёсатмадор ва ё худ огоҳ аз кухнии сиёсат пешниҳод кардааст, то кишвари мо вориди Иттиҳоди гумрукӣ шавад, ки ин андешаи хом мебошад.
Зиёда аз 3 сол боз маҳз ҳамин масъаларо меомӯзам ва мебинам, ки аз ворид шудан ба ин Иттиҳоди ба ном гумрукӣ ва дар асл конуни муттаҳамсозӣ асту аз он ягон манфиат ба мо намерасад. Ва ҳамчунин қонунҳои кишвари мустақил ба ворид шудан ба чунин Иттиҳод мухолифат дорад ва ин маънои онро дорад, ки Иттиҳоди гумрукӣ бояд дар оинномааш тағйирот ворид созад. Чунки ворид шудан ба ин Иттиҳод ягон манфиати молӣ надорад ва ин зарба боз ба иқтисодиёт асту халос. Чунки аз ин чиз ба иқтисоди миллӣ зарари бештар мерасаду беҳтар не.
Сониян Қирғизистон ҳам вориди ин иттиҳоди гумрукист, аммо шаҳрвандонаш ҳанӯз озодона дар Русия фаъолият карда наметавонанд ва ба инаш М. Одинаеви ҷосуси хориҷӣ чӣ мегӯяд?
Маълум мешавад, ки ҲСДТ на манфиати мардуми кишвар, балки манфиати кишварҳои дигар ва хоҷагони хориҷияшро ҳимоя мекардааст, ки ин бисёр ҳам нигаронкунанда мебошад ва бояд ҷомеа дар ин масъала биандешад. Зеро имрӯзҳо рафтори М. Одинаев дигар шудааст ва ин маънои онро дорад, ки бо баҳонаву иғвоҳо М. Одинаев ва дигар мухолифон мехоҳанд, вазъиятро дар кишвар ноором намоянду худ кайфу сафо кунанд ва аз ин бар миллат ягон фоидае ҳам нест.
Ба ҳамин хотир майлу рағбат ва ангезаҳои хиёнат бар давлату миллатро дар рафтор ва гуфтори раис ва муовини ҲСДТ мебинем, ки дерношуда бояд масъулон сари ин масъала биандешанд. Ин миллат дигар ниёз ба бегонаву ҳизби бегонапараст надорад. Тоҷикистон замин барои бегонапарастону душманон нест ва инро бояд М. Одинаев нағз ба хотир гирад!
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ