АХБОР.КОМ-И М.САЛИМПУР ДИГАР ХОНАНДА НАЁФТУ БАСТА ШУД

Дар интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ изҳороти муассис ва сардабири ахбор.ком яке аз рӯзноманигорони наҳзатпарвар Мирзои Салимпури хоин дар робита ба қатъи фаъолият намудани сомонаи ифротиву тарғибгари террористон ба нашр расид. Дар ҳақиқат сомонаи ахбор.ком имрӯз ба як минбари холӣ ва тарғибгари ғояҳои ифротӣ табдил ёфта буд ва касе ҳам хабарҳои бардурӯғ ва иғвобарангезашро мутолиа намекард. Ҳамчунин маълум шуда буд, ки Мирзои Салимпури хоин бо пули раиси ТТЭ ҲНИ М. Кабирии террорист ин сомонаи ифротияшро таъсис додаасту бештар манфиати душманони миллати тоҷикро ҳимоя менамояд ва хушбахтона миллат ҳамаи инро фаҳмиду ин душмани террористи дар ниқоби рӯзноманигор баромадкунандаро шинохт.

Тамоми наҳзатиён ва хоинони бадкеши миллати тоҷик ба хотири гумроҳ намудани ҷомеа имрӯзҳо чандин расонаи ба ном иттилоотиро таъсис додаанд ва мақсаду маромашон ҳам ҷудоӣ андохтан миёни ҷомеа мебошад. Мирзои Салимпур аз нафароне буд, ки бештар бо хоинон сару кор дошт ва ҳамеша бар зидди истиқлолият ва пешрафти кишвар мубориза мебурду баромад мекард. Ягон навишта ва гузориши пешниҳодкардаи М. Салимпури террорист воқеият надошт ва ҳамааш бофтаву сохта буд, ки бо фармони М. Кабирии террорист ба нашр мерасонду мақсадаш ҳам иғвобарангезӣ намудан миёни ҷомеа мебошад.  Ҳоло Мирзои Салимпур далели баста қатъ кардани фаъолияти ахбор. номашро ҳам ба далелҳои бардурӯғ рабт додааст, ки бисёр ҳам шармовар мебошад. Зеро ин далелҳои Салимпури террорист ва хоин дурӯғи маҳз аст. Дурӯғе, ки воқеан ҳам касро ба ханда меорад.

Чунки Мирзои Салимпури бадкеш ва хоин аслан мақсадаш дигар буду мехост дар арсаи байналмилалӣ обрӯ ва мақоми кишварро  коҳиш диҳад ва хушбахтона муваффақ нашуд. Муваффақ нашуданаш ҳам сабаб дорад. Ва сабабаш ҳам ин аст, ки ҷомеа фаҳмид, ки расонаи ифротии ахбор.ком ғояҳои террористиро миёни ҷомеа тарғиб месозаду танҳо ҳадафи душманони миллати тоҷик, наҳзатиёнро думболагирӣ менамояд, ки ин хиёнати рӯирост мебошад.

Ҳоло дигар Мирзои Салимпури хоин ва бадкеш, ки имрӯзҳо аз ҳисоби ТТЭ ҲНИ нон мехӯрад, наметавонад ҷомеаро гумроҳ созад ва фиреб диҳад, чунки ҳамагон фаҳмиданд, ки мақсаду мароми ин хоин ва бадкеш чист. Ҷомеа дарк намуд, ки ахбор.ком аз террористон асту барои бадном кардани миллати тоҷик, давлати миллии тоҷикон таъсис дода шудааст ва аз ин лиҳоз касе саҳифаи ин расонаи иттилоотиро накушоду М. Салимпури террористи наҳзатпарвар ноком шуд.

Ин аст, ҳақиқат ва он ҳама тавтеаву дурӯғҳову баҳонаории М. Салимпур мардумфиребӣ асту халос. М. Салимпури хоин шарманда шуд.

Восихов Ш.

омӯзгори ДКМТ