АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИ ХИЁНАТКОР!

Мусаллам аст, ки дар ибтидои асри XXI ҷаҳониёнро хаъфу  хатари ҷиддие дучор шуд, ки номи он терроризми байналмилалӣ аст ва он дорои решаҳои чуқур буда, ба тамоми ҷабҳаҳои инсоният- фарҳанг, иқтисодиёт, илму маърифат ва пешрафти сиёсӣ  зиён расон аст.

Дар дунё аз хиёнат дида гуноҳи сахтаре нест . Ҳатто аз нигоҳи дини мубини ислом низ хиёнат ба ватан, ба халқ, ба миллат гуноҳи нобахшиданист. Мутаассифона, ҲНИ яке аз ҳизбҳои террористии ҷаҳон дар баробари ташкилоти ифротгаро буданаш боз ташкилоти хиёнаткор низ мебошад.

Имрўз терроризм беш аз пеш хусусияти фаромиллӣ ва глобалӣ касб мекунад. Он дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон доман паҳн карда, хатари бузурги иҷтимоӣ дорад ва барои амнияти давлатҳои алоҳида ва минтақаҳо воқеан таҳдид эҷод менамояд. Айнӣ замон марбут ба амалҳои террористӣ дар ҷаҳон муташанниҷ боқӣ мемонад. Сарфи назар аз тадбирҳои солҳои охир андешидашуда дар бахши мубориза бо терроризм, таҳдиди амалҳои нави террористӣ на фақат аз байн нарафтааст, балки афзоиш ёфтааст. Дар гўшаҳои гуногуни ҷаҳон фаъолшавии созмонҳои террористӣ ва ташкилоту созмонҳои маблағ-гузори онҳо ба мушоҳида мерасад.

         Бубахшед, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ, ки ба сари мардуми тоҷик чӣ қадар оқибатҳои фоҷиабор овард, ҲНИ ба халқу миллати тоҷик хиёнат намуда, супоришҳои хоҷагони худро иҷро менамуд.

         Ташаббускор ва меъмори ин ҷанги бародаркуш гардид. Чӣ қадар фарзандони фарзонаи миллат, зиёиёни тоҷик ба монанди Муҳаммад Осимӣ, Муҳиддин Олимпур, Муродилло Шеракизода шоир Махсум Олимӣ ва дигарон маҳз бо дастури ҳизби мазкур ваҳшиёна кӯшта шуданд. Магар, ҳамаи ин хиёнат ба ватан ва халқу миллат нест? Имрӯз бошадин ҳизби мамнуъшудаи террористӣ ва хиёнат дар хориҷи кишвар бо дастгирии хоҷагони хориҷии худ фаъолияти хиёнаткоронаи худро алайҳи миллати тоҷик давом дода истодааст. Барои руйпуш намудани амалҳои террористӣ ва хиёнаткоронаи худ барои давом додани фаъолияти ифротгаронааш номи “Паймони миллӣ” – ро интихоб намудааст.

         Ин чи хел паймон аст, Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш медонанад. Ба андешаи мо ин боз ҳамон аҳду паймони хиёнаткорӣ аст, ифротгароию иғвогарӣ аст, зеро чуноне, ки  дар урфият мегӯянд: “Тарки одат амри маҳол аст”. Зеро ки хиёнаткорӣ, сафсатафурушӣ, иғвогарӣ дар вуҷуди ин ашхоси фиребгар маскан гирифтааст. Аз ин хотир, аъзоёни ҲНИ бо дигар кардани ном симои ҳақиқии худро дигар карда наметавонанд. Хусусан, ҳамоишҳо ва машваратҳое, ки онҳо ташкил намуданд нишон дод, ки ҲНИ аз мақсадҳои нопоки худ даст накашидааст.

         Бинобар ин, ба роҳбари ин ҳизби хиёнаткор муроҷиат карда гуфтанием, ки беҳуда бо суханҳои пучу бардурӯғ ва нишастҳои бемаънӣ худро овора насозанд. Зеро ки симои ҳақиқии онҳо ошкор шудааст. Дигар мардум ба суханбозиҳо, ваъдаҳои бардуруғи онҳо бовар надоранд. Миллати куҳанбунёди мо меваҳои шаҳбори Истиқлолият ва Ваҳдати миллиро чашида аст ва дилпурона ба сӯи ояндаи босаодат  қадам мегузорад.

Мо ҳамеша бо суханони Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайравӣ намуда, терроризм ва экстремизмро шадидан маҳкум менамоем. Инчунин барои ҳифзи якпорчагии Ватани хеш, сулҳу ваҳдати миллӣ, гиромӣ доштани Муқаддасоти Тоҷикистон, ҷашну маросимҳо, танзиму оин ҳамеша омодаем ва сиёсати хирадмандонаю бунёдкоронаи Пешвои миллатро дастгирӣ мекунем.

Туев Ш.Ш

мудири кафедраи математикаи олӣ ва информатика