Дирӯз дар расонаҳо навиштаи М. Одинаев муовини раиси ҲСДТ ба нашр расид, ки дар он талаби эътироз карда шудааст. Ва ҳамчунин дар ин навишта М. Одинаеви бекор ва ба ном мухолиф ворид шудани кишварро ба Иттиҳоди гумрукӣ ҳатмӣ донистааст, ки андешаи фач ва бемағз мебошад.
Аслан М. Одинаев кист?
Оё ягон мактаби сиёсиро хондааст, оё мефаҳмад, ки сиёсат чист?
Даъват ба эътирози оммавӣ оё дар ҳамин шароити КОВИД-19 дуруст аст?
Ақли М. Одинаев коставу бесамар буданаш аз ҳамин навиштаҳояш бармеояд ва маълум мешавад, ки М. Одинаев бо Р. Зоиров раиси ҳамин ҳизб дар як таҳҷо менависанд. Зеро ягон инсони солим дар чунин шароит талаби эътироз ва норозигӣ намекунад. Танҳо ақлбохтаву душмани миллат хостори нооромӣ ва ба вуҷуд омадани низоъро мекунанд, ки ин алакай кӣ бадани М. Одинаев ва садорати ҲСДТ мефаҳмонад.
Яъне, ҲСДТ на ба хости дили ҷомеа ва на ба хотири пешрафту саодати мардум, балки барои манфиатҳои худ мехоҳад аз сиёсат истифода намояд ва барои ин ҳам сабаб ҳаст.
М. Одинаве бо ҳамсараш зани ҳамсояашро ба қатл расонидаасту ҳоло мехоҳад, ки бо истифода аз ҳамин навиштаву матлабҳои сиёсияш дар ҷомеа мавқеъ пайдо созаду аз ҷавобгарии ҷиноятӣ фирор намояд. Аммо ин амал ҳаргиз ба М. Одинаеви бадсигол ва бадкеш мусоидат намекунад ва ӯ бояд дар назди қонун ҷавоб диҳад, ки чаро зани бегуноҳро ба қатл расонид?!
Ҳоло М. Одинаеви авбош ва ҷинояткор чизе мехоҳад менависад, то худашро ҳамчун шахси сиёсӣ шиносонад, аммо афсӯс, ки ҷомеа ӯро ҳамчун лагандбардори Р. Зойиров мешиносаду кайҳо боз бо лақабҳои гуногун муаррифӣ мекунандаш, ки ҳамин худ аз шахсияти сиёсӣ набудани ӯ дарак медиҳад.
Пас ин ҷо хулоса бояд кард, ки дар ҳақиқат М. Одинаев имрӯзҳо ба кадом дард гирифтор шудааст, наход камоли ҳамнишинӣ асар кардаву ин бечора ҳам равонӣ шуда бошад, ба мисли Р. Зойиров?!
Дилмуроди Вафо
таҳлилгар, ДКМТ