ИЗҲОРОТИ ОМӮЗГОРОНИ КАФЕДРАИ КОРКАРДИ КАНДАНИҲОИ ФОИДАНОК НИСБАТ БА ҲАМЛАИ САЙЁҲОНИ ХОРИҶӢ

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид. Кулли мардуми шарифу сулҳпарвар ва ҳунарманду бунёдкори Ватани азизамон иқдоми хирадмандонаи Пешвои муаззами миллатро бо хушнудию фараҳмандӣ истиқбол намуда, дар амалӣ намудани он софдилона ҷаҳду ҷадал карда истодааст.

Аммо хоинони миллати тамаддунофару Ватани биҳиштосои мо хостанд, ки бо фармони хоҷагони разили худ, амали нангини ҳамлаи террористиро ба сайёҳони хориҷӣ дар ноҳияи Данғара анҷом дода, онро халалдор созанд.

Ин рӯйдод бори дигар исбот кард, ки ҳоло ҳам дар ҷомеаи мо хоинони давлат будаанд ва ғарази бадномкунии Тоҷикистонро доранд, онҳо намехоҳанд, ки Тоҷикистони азизамон рушд ёбад.

Амалҳои ҷиноятии онҳо бар муқобили манфиатҳои давлатамон буда, кирдори душманона ба давлату миллат ва садди нумӯъи мамлакат мебошад.

Тири душманони Тоҷикистони азизамон хок хӯрд. Пиру барно кирдори ҷинояту хиёнаткоронаро маҳкум намуда, боз ҳам қавитар сиёсати дурандешонаи Сарвари давлатро дастгирӣ карда истодаанд, ки нишони олии ватандӯстӣ ва хештаншиносӣ мебошад.

Мо, омӯзгорон ва кормандони кафедраи коркарди канданиҳои фоиданок ин ҳодисаи нафратборро қатъиян маҳкум мекунем. Мо ба Тоҷикистони азиз ва Пешвои муаззами миллат содиқем!

О.Оқилов, номзади илм, мудири кафедра

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

понздаҳ + 6 =