ИЗҲОРОТИ УСТОД ДАВЛАТОВ Д: ХИЁНАТИ ХИЁНАТКОРОН БАХШИДА НАМЕШАВАД!

Ҳарчанд дар кишвари мо нисбати инсон ва арзишҳои инсонӣ арҷгузории беҳтаре сурат мегирад, аммо ҷомеаи тоҷик ва тоҷикистонӣ ҳоло одат накардааст, ки хоину хиёнаткорро бипазирад. Зеро дар хуни тоҷик чунин наомадааст, ки хоин бояд бахшида шавад. Хоин ва хиёнаткор дар ҳама давру замон барои миллати тоҷик  инсони зишт ва дур аз ҷамъияти инсонӣ ва дур аз маърифат ҳисобида мешуд ва ҳаргиз ҷамъият хоинонро набахшидааст.

Аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳам бо истифода аз фурсат мардумро гумроҳ намуда, бар онҳо хиёнат намуданд, ватанфурӯшӣ карданд, аз барои пул бар Ватан хиёнат карданд, ки ҳаргиз бахшида нахоҳанд шуд. Зеро ин гуноҳи бузург ва нобахшиданист ва миллати тоҷик ҳаргиз чунин хиёнаткорони муздури наҳзатиро нахоҳад бахшид. Шармандагие аз бештар намешавад, агар мо имрӯз хоинони наҳзатиро ҳатто инсон биномем!

Дар Тоҷикистон барои хоинон ва душманон ҳаргиз ҷой нест!