Ҳоло мебинем, ки имрӯзҳо сарбозони кишвари ҳамсояи Қирғизистон ба сари сокинони маҳаллӣ силоҳ бардошта, ҳатто намегузоранд, ки хати обро гузаронанд, ки ин бар хилофи меъёрҳо мебошад.
Зеро заминҳое, ки мавриди баҳс қарор доранд, расман ва ҳам таърихан сарҳади давлатии Тоҷикистон аст ва ягон кишвар ҳуқуқи даъвои онро надорад. Имрӯз, ки қирғизҳо инро даъво мекунанд, як навъ иштибоҳ ва хатои маҳз мебошаду даъвояшон беасос аст. Чунки заминҳои мазкур, ки имрӯз қирғизҳо мехоҳанд онро зӯран ғасб кунанд, моли миллати тоҷик аст ва ҳаргиз дар гузаштаи таърихӣ ва дар имрӯз ҳам аз қирғизҳо набуд. Лек имрӯз ки қирғизҳо даъвои заминҳои моро доранд, мо низ дар ҷавоб бояд аз фактҳои таърихӣ бигӯем, ки замине,ки имрӯз қирғизҳо нишастаанд, замини миллати тоҷик асту ҳеҷ вақт қирғиз соҳибзамин набуд.
Мо, омӯзгорони кафедра ба ҳамсояҳои қирғиз гуфтанӣ ҳастем, ки аз муносибати нек кор бигиранд ва фарҳанги ҳамсоядориро риоя кунанд, ки ин ҳама беодобӣ ва бадахлоқии сарбозҳои қирғизӣ оқибат бало бар сари худи онҳо хоҳад шуд.