ИЗҲОРОТИ КОРМАНДОНИ ШУЪБАИ РОБИТАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ: ПАЁМ.НЕТ-СОМОНАИ ИФРОТИИ ХОИНОНИ НАҲЗАТӢ!

Чандест, ки расонаҳои наҳзатӣ барои гумроҳ намудани миллати тоҷик ва насли ҷавон пайваста матлабҳои бардурӯғ ва дасисаҳои иғвобарангезро ба нашр мерасонанд, то ҳадафҳои душманонаи худро амалӣ гардонанд. Аммо аъзоёни ТТЭ ҲНИ, яъне наҳзатиёни хоин ва террорист фаромӯш кардаанд, ки ҳама асрори наҳзатиён ошкор гардидаасту тамоми ҷаҳон медонад, ки наҳзатиёни манфур ва палид шохаи террористии созмони террористӣ буда, барои нест намудани озодиву ваҳдат ва сулҳу салоҳ талош мекунанд.

Имрӯз сомонаи паём.нет, ки ба наҳзатиён тааллуқ дорад, ҳамин сиёсати инсонбадбинона ва душманонаи наҳзатиёнро пайгирӣ намуда, бештар мавод ва матлабҳои душманонаву ифротӣ ба нашр мерасонад, ки як хиёнати рӯирости наҳзатиён мебошад.

Албатта, навиштаҳои ин сомона саропо дурӯғ ва хоинона асту барои гумроҳ намудану иғво барангехтан миёни ҷомеаи солим паҳн карда мешавад, то тафаккури ифротиро тарғиб кунанд, ки ин иштибоҳ ва душмании рӯирости наҳзатиён аст.

Мо, кормандони шуъба ин рафтори душманони миллатро комилан маҳкум намуда, сомонаи паём.нет-ро, ки ба ТТЭ ҲНИ тааллуқ  дорад, сомонаи ифротӣ ва иғвобарнгезу душманона меҳисобем!