ПАДАР ЧӢ ГУНА, ПИСАР ҲАМОН ГУНА ТЕРРОРИСТ!

дар ҳошияи қаллобиҳои М. Садриддини хоин ва террорист

Инсони пастфитрат ва пастниҳоду пастирода ҳамеша заиф ва нотавону нолоиқ ба фарҳанги накӯву зинлагии шоистаи одамӣ мебошад. Ҳарчанд имрӯз роҳҳои пулкоркунӣ ва гузаронидани айёми рӯзгор зиёд аст, аммо беҳтарин роҳи пулёбӣ ин меҳнати ҳалол ва виҷдони пок аст.

Ҳар касе аз ин меҳнати ҳалол фарзандонашро тарбия мекунад он фарзандон дар оянда шаҳрванди комил шуда, бар миллату давлат ва пешаз ҳама бар хонавода хизмат мекунанд, аммо касе, ки бо пулу моли ҳаром фарзанд тарбия мекунад, ин гуна фарзанд доғ бар ҷомеа мешаванд. Мисли аъзоёни ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз бар зидди миллат фаъолият мебаранду барои озодиву истиқлолияти Ватани азизамонро барҳам задан кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки инро мегӯянд натиҷаи ҳамон пулу моли ҳаром ва тарбияи нодуруст.

Яке аз чунин пастфитратон ва палидону хиёнаткорон Муҳаммадиқболи Садриддин мебошад, ки бар зидди миллати тоҷик имрӯзҳо мубориза мебараду барои гумроҳ кардани миллат иғвобарангезӣ мекунад. Зеро М. Садриддин аз рӯзҳои аввал бо пулу моли ҳаром ва муҳити носолими оилавӣ ба воя расидаасту ҳатто бо истифода аз дину мазҳаб имрӯз мардумро фиреб дода,  қаллобӣ мекунад.

Чанде қабл дар расонаҳо изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи аризаи шикоятии се нафар шаҳрванди кишвар ба нашр расид, ки тибқи он М. Садриддинро дар ҷустуҷӯйи байналмилалӣ қарор додааст.

Аз рӯйи ин ариза маълум гардид, ки М. Садриддин ҳамон хоин ва сафсатагӯйи наҳзатӣ бо овардани ҳадис ва мисолҳо аз ояҳои динӣ се нафар шаҳрванди кишварро дар шаҳри Дубайи АМА фиреб дода, 430 ҳазор доларро аз худ намудаасту дигар барнагардонидааст.

Магар ин қаллобии рӯисроти наҳзатӣ нест?

Акнун тасаввур кунед, ки фарзанди М. Садриддини террорист дар оянда кӣ мешавад?

Агар аз рафти оиладориву баромади иҷтимоӣ ва амалҳои террористиву хоинонаи авлодаш бигирем, фарзанди М. Садриддин ҳам доғ бар ҷомеа мешавад, зеро худи М. Садриддини террорист, ки падараш  террорист буду қаллобӣ мекард, террорист шуд.

Ин аст, ҳақиқат Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар наҳзатиёни манфуру палид ва авбошу хоин, ки имрӯзҳо бо пулу моли ҳаром ва хоинӣ зиндагӣ мекунанд ва мешавад ба чунин тоифаи пастфитрати наҳзатӣ лаънат хонд!

М. Абдусаломов

омӯзгори ДКМТ