Шояд барои иддае дидани филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” наворе аз даҳшатҳои солҳои 90-ум битобад, вале барои иддае аз ҷомеаи равшанфикр як асноди бузурги таърихӣ мебошад, ки аз хоиниву хиёнаткорӣ ва разолати душманони миллати тоҷик, аъзоёни Ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ Ҳизби наҳзати ислом қисса мекунад. Филм фақат аз далелҳо ва ҳодисаҳои шуда гузашта ва амалҳои террористии содиршуда, мегӯяд, ки ин факт аст. Аъзоёни ТТЭ ҲНИ худро ба осмон мезананд ва ё бо макру фиреб аз ин далелҳо гурехтанӣ мешаванд, аммо шоҳидони ҳол зиндаанд ва худ ин ҳаводисро бо чашми сар дидаанд, ки дигар баҳонаву макру ҳиллаи наҳзатӣ ба кор намеравад. Зеро кунун ҷомеаи ҷаҳонӣ ба кулли огоҳ шуд, ки наҳзатиён низ идомаи ҳамон “Ал-қоида”-ву “Толибон” ҳастанду нақшаву нияташон нобуд кардани ҷомеа мебошад.
Дуруст аст, ки наҳзатиёни махуф ва аждаҳошиками баднафс барои қонеъ гардонидани нафси бади худ имрӯз ҳам бо роҳҳои дасисабозиву иғвобарангезӣ мехоҳанд, хиёнатҳояшонро идома диҳанду аз хоҷагони хориҷияшон пул гиранд, аммо дигар ҷомеа фаҳмид ва дарк намуд, ки наҳзатиён на диндоранду на қавонини шариатро риоят мекунанд, балки як тоифае аз душмани дину шариат ва миллату давлат мебошад, ки бо роҳи фиреб мехоҳанд мардумро гумроҳ сохта, мақсадҳои нопоки хешро амалӣ созанд. Формулаи наҳзатиён аз аввал як хел буд, яъне бо роҳи фиреб гумроҳ намудани мардуму ҳаққи мардумро хӯрдан. Фиреб додани ҷомеаву мақсадҳои нопоки хоҷагони хориҷияшонро амалӣ намудан. Тавре, ки аз филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” маълум гардид, наҳзатиён барои ба даст овардани пул шаҳрвандони бегуноҳро ба гаравгон мегирифтаанд, ки ҳоло дигар ин икон нест ва ҳамин аст, ки дигар шеваи нав, яъне бо овардани ояву ҳадисҳо ба боварии мардум даромада ҷомеаро фиреб медиҳанд. Мисле, ки дар баёнияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шикояти се нфар ҷабрдида омадааст, ки чӣ тавр аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садрудин бо роҳи фиреб 430 000 долларо аз худ кардаасту дигар барнагардонидааст. Инро мешавад нишонаи олии мактаби қаллобӣ ва найрангу фиреби наҳзатиён номид. Зеро то кунун пайдо нашудааст наҳзатие, ки ё фиреб надода бошад ва ё фиребкорӣ накарда бошад. Он чӣ дар филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” оварда шудааст, воқеан ҳам як санади бозгӯкунанда аз аҳволи қаллобонаву ҷоҳилонаи наҳзатиёни хоин аст, ки аз барои пулу мол аз ягон роҳ намегарданду барояшон, ҳатто ба фурӯш гузоштани арзишҳои инсонӣ ҳам тиҷорат асту шояд ягон рӯз ҳатто ба хотири пул занони худро низ ба фурӯш гузоранд, ҳамон тавре ки дину мазҳаби хешро фурӯхтаанд. Ин аст ҳақиқати наҳзатиёни манфур ва пулпарасту хоин! Мешавад ин хоинони миллатро як навъ қаллобони гузаро ва дурӯғгӯёну авбоши айёр номид.
М. Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ