ҒАЛАТИ СИЁСӢ ВА ИШТИБОҲИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҚИРҒИЗҲО БАХШИДА НАХОҲАД ШУД

Дар саросари ҷаҳон масъалаҳои байнидавлатӣ бо риояи одоби баланди кишвардорӣ ва дипломатияи мукаммал баррасӣ ва ҳаллу фасл мегарданд. Ҳарчанд муносибатҳои дипломатӣ дар доираи муқаррароти байналхалқӣ сурат мегиранду ба натиҷаҳои муваффақ ноил мегарданд. Аммо аз чӣ бошад, ки баъзан кишварҳо дар доираи муносибатҳо аз шеваи нодуруст кор мегиранд ба монанди кишвари ҳамсоя қирғизҳо. Ҳарчанд ҳофизаи таърихи башарӣ моро ба асноду далелҳои марбута ошно месозад, ки дар он нишонаи давлатдории қирғизҳо вуҷуд надорад, аммо имрӯз  мебинем, ки  мардуми кишвари ҳамсоя даъвоҳои зиёд пеш меоранд, ки андак зиёдаравӣ низ ҳаст.

Мо, ҳамеша одоби баланд ва маърифати давлатдории кишварҳои минтақаро  риоя менамоем, аммо ин танҳо дар ҳамон сурате метавонад натиҷаманд бошад, ки дигар кишварҳо низ одоби ҳамсоядорӣ ва бародариро риоя кунанд. Ҳоло таърихчаи давлатдории қирғизҳо аз як аср ҳам намегузарад, аммо мебинем, ки ин мардум даъво мекунанд ва даъвоҳои зиёд, ки ҳатто нияти ғасби заминҳои моро мекунанд, ки хеле зиёдаравӣ ва беодобии маҳз мебошад.

Ҳоло бештар сарбозони қирғиз талош мекунанд, то ҳаёти сокинони осоиштаи наздисарҳадиро халалдор намоянд, ки ин вайрон намудани муқаррароти байналмилалӣ асту бояд қирғизҳо ба ин масъала ҷавоб бигӯянд ва ҳамчунин товон низ бипардозанд.

Заминҳое, ки имрӯз мавриди баҳс қарор доранд, комилан заминҳои миллати тоҷик мебошанд ва бояд, ки мавриди баҳс қарор нагиранд, лек қирғизҳо ҳоло ҳамарӯза  талош мекунанд боз ҳам ҳамон нофаҳмӣ ва тафаккури нодурусти давлатдории хешро ба ҷаҳониён ошкор намоянд, ки ин як иштибоҳи бузурги онҳо мебошад.

Ҳақиқати гап дар он аст, ки ҳеҷ ягон қирғиз ҳуқуқи даъвои заминҳои моро надорад ва он чӣ имрӯз қирғизҳо талаби заминҳои моро кардаанду ҳатто ба сокинони осоишта тир кушодаанд, як иштибоҳ ва ғалати низомиву далатдорист, ки барои худи қирғизҳо зарар меоварад. Зеро ҷомеаи ҷаҳонӣ хуб дарк менамояд, ки имрӯз қирғизҳо нияти зӯран ғасб намудани заминҳои моро доранд, ки ин аллакай баҳси марзии як минтақа нест, балки риоя накардани шартномаи байнидавлатӣ ва риоя накардани муқаррароти байналмилалӣ мебошаду ҳар як шаҳрванди кишварро бетараф намегузорад ва дар сурати зарурат барои ҳифзи сарҳади давлатӣ мо ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон омодаем, то аз шеваҳои гуногуни мубориза истифода намоем, ки шояд барои қирғизҳо ва Қирғизистон дарси бузурге барои таърихаш гардад.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ