ХИЁНАТКОРИИ НАҲЗАТИЁН АЗ БАРОИ ШАУРМА

Ҷаҳон дигар мешавад ва олами атроф низ тағйир меёбад, аммо ҳастанд афроде, ки имрӯзҳо бар алайҳи миллати тоҷик мубориза мебаранду чашми дидани саодти ин миллатро надоранд. Ин тоифаро ном наҳзатиён аст, ки имрӯз ба хотири раҳо шудан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ба кишварҳои хориҷӣ паноҳ бурдаанду аз он ҷо истода, ба дасисабозиву иғвобарангезӣ машғуланд. Наҳзатиёни террорист ва хоин ҳоло дар Аврупо чандин сомонаи ифротиро таъсис додаанд, ки ҳамааш аз ҳисоби маблағи хоҷаи хориҷияшон маблағгузорӣ мешаваду бар алайҳи миллати тоҷик равона гардидааст. Ҳарчанд имрӯзҳо миллати тоҷик тавассути филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” дарк намуд, ки наҳзатиёни хоин ва манфур дар чӣ ҳолат қарор доранду аз барои чӣ имрӯз даст ба хиёнаткорӣ мезананд?

Як шаурмаи аврупоӣ барои наҳзатиён имрӯз меъёр гардидааст, то наҳзатиёни манфур ва палид барои гумроҳ сохтани ҷавонон матлаб нависанд. Ин аст, ҳақиқати ақлақҳои наҳзатӣ, ин аст номус ва ҳуввияти фурӯхташудаи наҳзатиён.

Ҳоло аз ҷониби кадом давлат ТТЭ ҲНИ сармоягузорӣ мешавад ва ба чӣ хотир дар солҳои 90-ум наҳзатиёни террорист равшанфикрони миллатро  ба қатл расонидаанд, имрӯз хуб ошкор шуд ва тамоми ҷаҳон фаҳмид, ки наҳзатиён ҳамон террористони “Алқоида” ва ҳамон “ДИИШ” мебошанд.

Аминҷонова М.

омӯзгори ДКМТ