“ГАПИ ОЗОД” Ё МИНБАР БА ТЕРРОРИСТИ ОЗОДӢ

(дар ҳошияи баҳси рӯзноманигор Д. Атовулло ва роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ)

Дирӯз дар барномаи “Гапи Озод”-и радиои Озодӣ ду нафар Додоҷони Атовулло рӯзноманигори муқими Аврупо  ва М. Кабирӣ раиси Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом, ки ах кишвар фирор намудааст, баргузор гардид, ки аз чанд ҷиҳат нотавонбин ва кӯрчашм будани роҳбари террористонро баён намуд.  Вале аз ҷониби дигар, ки барандаи ин баҳс М. Холиқзод тарафдори роҳбари наҳзатиёни террорист буд, бештар талош мекард, то қайчӣ ба суханронии Додоҷони Атовулло бизанад ва ин ҳам бесабаб нест. Зеро аз ҳар як иловаи ин палидони наҳзатӣ фаҳмидан мумкин буд, ки онҳо мехоҳанд тариқи ҳамин баҳс низ мардумро ба гумроҳӣ бикашанд.

Он чӣ мавриди баҳс буд, хеле аҷиб аст. Яъне баҳсе буд на сар дошту на дум ва фаротар аз мавзӯи марказӣ буд, ки бештар ҷангҷоли ду гурбаро мемонд. Мавзӯи аслӣ интихобот буд, ки ҳар ду ҳам ҳуқуқи  маънавии дар ин маврид суҳбат карданро надоштанд вале намедонам чӣ гуна ҳамчун худхонда чизе радду бадал намуданд, ки аз воқеият дур аст.

Дигар масъала ин аст, ки агар Додоҷони Атовулло дар бораи интихоботи имрӯза суҳбат кунад, бояд ҳадди ақал як панҷ сол ин ҷо мебуд, то медид, ки вазъият чӣ хел асту кишвар то кадом дараҷа рушд кардааст. Дуввум тарафи дигари баҳскунанда роҳбари террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ, ки ба таври худхонда худашро мухолифи сиёсӣ меҳисобад, набояд фаромӯш созад, ки дар тамоми ҷаҳон Кабириро ҳамчун террорист ва фирор карда аз ҷавобгарии ҷиноятӣ мешиносанд ва як террорист чӣ гуна ҳақ доштааст, то дар бораи интихоботи як кишвари мустақил суҳбат кунад?

Ба радиои террористпарвари Озодӣ, ки арзишҳои миллии моро қадр намекунад, кӣ иҷозат додааст, то аз террорист ҳамчун мухолифи сиёсӣ интервю гирад ё ба баҳс даъват намояд?

Муҳимияти мавзӯъ дар он аст, ки дар ин баҳс бештар талош шуд, то раиси наҳзатиёни террорист, пири террористони наҳзатӣ М. Кабирӣ реклама шавад ва воқеан ҳам М. Холиқзод барои ин талош кард, то ҳар чи зиёдтар роҳбари террористи наҳзатиёнро реклама намояд. Лек чӣ кунем, ки дар баҳси мазкур роҳбари наҳзатиён бештар аз ҷавоб додан ба саволҳои тарафи дигар ва минбари хабаргузории “Тасним” дар ихтиёраш будан фирор кард ва бо умумигӯӣ ба ин сухан хотима дод. Ҳарчанд ҷониби дигар мақсадҳои дигаргуна дошт ва шояд мехост як террористи шармандаро бо далелҳо зархарид буданашро исбот созад, аммо муҷрии баҳс ба ин роҳ надод ва ё ин ки баҳсро қайчӣ зад.

Пас чӣ гуан мешавад ин баҳсро гапи озод номид?

Фақат ин ҷо гуфтан мумкин аст, ки ин баҳс озод не, балки баҳс барои иғвобарангезӣ ташкил карда шудаасту мақсади радиои Озодӣ ҳам тарафгирӣ намудан аз террористон мебошад.

Д.Давлатов

омӯзгори ДКМТ