ИЗҲОРОТИ УСТОДОНИ КАФЕДРАИ ГЕОЛОГИЯ ВА КОРҲОИ НАФТУ ГАЗ: КАБИРӢ-ХОИН!

Аз он ки имрӯзҳо филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” манзури шаҳрвандон гардонида шуду ҷомеа аз воқеияти ТТЭ ҲНИ огоҳ гардид, дигар Кабирӣ ва ҳаммаслаконашро тобу тоқате намондааст ва ҳамон тавре, ки мебинем беқарории хоинони наҳзатӣ имрӯз аз рафтору гуфтор ва навиштаҳои туҳматбарангез ва дасисабозонаашон маълум аст. Роҳбари фирории наҳзатиён М. Кабирӣ имрӯзҳо талош мекунад ба ҳар баҳона худро ба минбар расонаду ҷомеаро бо суханони омоданамудаи хоҷагони хориҷияш гумроҳ созад.

Дирӯз аз сиёсат мегуфт, имрӯз бошад ба пойи забон часпидааст, ки як рафтори нодуруст ва сохта будани ин хоини манфурро нишон медиҳаду мақсадаши палидонаашро боз ҳам ифшо мегардонад. Ҳатто дар сабуктарин ҳолат низ  М, Кабирии террорист мехоҳад онро душвор маънидод намуда, талош меварзад, то ҷавононро ба гумроҳӣ барад, ки ин хиёнати маҳз мебошад. Он чӣ дар Ватан аъзо ва роҳбарони ТТЭ ҲНИ анҷом доданд, як достони хиёнаткориву разолату ваҳшонияти наҳзатиён аст, аммо он чӣ имрӯз М. Кабирӣ анҷом медиҳад, боз ҳам хоин ва ватанфурӯшу пастфитрат буданашро ифшо мегардонад. Суханрониҳои охирин М. Кабирии террорист бори дигар исбот намуд, ки ин раиси ТТЭ ҲНИ расман душмани миллати тоҷик ва тоҷикистониён мебошад.

Мо, устодони кафедра ин рафтор душманона ва хоинонаи М. Кабириро комилан маҳкум намуда, бар ӯ шармат бод мегӯем!